Дар форум муовини раиси Кумитаи сайёҳӣ Санҷар Таджиев,
раиси Ассотсиатсияи сайёҳии Гурҷистон Натали Квачантирадзе, инчунин беш аз 80
намояндаи соҳаи сайёҳии ду кишвар иштирок карданд.
Ин чорабинӣ идомаи амалии созишҳое гардид, ки зимни
сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Гурҷистон 2–3
июли соли ҷорӣ ба даст омада буданд. Ҳадафи асосии форум рушди ҳамкории
мустақим миёни ширкатҳои сайёҳии ду кишвар буд.
Дар ҷараёни форум ҷонибҳо самтҳои асосии рушди минбаъдаи
ҳамкориро муайян карданд. Аз ҷумла, масъалаҳои ташкили бастаҳои муштараки
сайёҳӣ ва хатсайрҳои нав, густариши алоқаи мустақими ҳавоӣ, рушди сайёҳии
фарҳангиву таърихӣ, велнес, табобативу солимгардонӣ, зиёратӣ, гастрономӣ,
экологӣ, саргузаштӣ ва MICE баррасӣ шуданд.
Ба ташкили сафарҳои шиносоӣ ва медиатурҳои мутақобила,
пешбурди муштараки имкониятҳои сайёҳии ду кишвар тавассути платформаҳои рақамӣ,
инчунин иштироки муштарак дар намоишгоҳҳои байналмилалии сайёҳӣ таваҷҷуҳи хос
зоҳир гардид.
Қисми муҳими форум ба барқарор намудани робитаҳои
мустақими тиҷоратӣ миёни намояндагони соҳаи сайёҳии ду кишвар бахшида шуд. Аз
ҷумла, пас аз муаррифӣ мулоқотҳои B2B миёни операторони сайёҳии Ӯзбекистон ва
Гурҷистон баргузор гардиданд. Дар ҷараёни онҳо ширкатҳо имкониятҳои густариши
ҳамкорӣ, ташкили маҳсулоти муштараки сайёҳӣ ва роҳҳои ба вуҷуд овардани
робитаҳои нави тиҷоратиро мустақиман баррасӣ карданд.
Намояндагони соҳаи сайёҳии Гурҷистон низ дар доираи
сафари шиносоӣ ба Ӯзбекистон бо маҳсулоти сайёҳии кишвар, объектҳои мероси
фарҳангӣ ва инфрасохтори муосир ба таври муфассал шинос шуданд. Ин ба ташкили
минбаъдаи хатсайрҳои сайёҳӣ бо дарназардошти имкониятҳои мушаххаси ҳар як
минтақа мусоидат хоҳад кард.
Бояд қайд кард, ки дар моҳҳои январ–июли соли 2026
шумораи сайёҳон аз Гурҷистон ба Ӯзбекистон 25,9 фоиз афзоиш ёфтааст. Дар
маҷмӯъ, дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ тақрибан 7,75 миллион сайёҳи хориҷӣ аз
Ӯзбекистон боздид кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 22,6 фоиз
зиёд мебошад. Ҳаҷми
содироти хизматрасониҳои сайёҳӣ тақрибан 3,9 миллиард доллари ИМА-ро ташкил
додааст.