Мусобиқаи WTT Youth Contender, ки дар Шаҳраки Олимпӣ
баргузор мешавад, аз 21 кишвар тақрибан 500 теннисбози наврасро гирди ҳам
овардааст. Рақобатҳо дар гурӯҳҳои синнусолии U11, U13, U15, U17 ва U19 ҷараён
дошта, то 22 июл идома хоҳанд кард.24 июл бошад, дар Тошканд мусобиқаи WTT
Feeder миёни калонсолон оғоз меёбад. Интизор меравад, ки дар он зиёда аз 160
варзишгар аз 18 кишвар иштирок хоҳанд кард. Ғолибон ва ҷоизадорон 28 июл муайян
хоҳанд шуд
Баргузории мусобиқаҳои байналмилалии силсилаи World Table
Tennis (WTT) дар Тошканд нишон медиҳад, ки таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонии варзиш ба Ӯзбекистон
ҳамчун макони баргузории мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ рӯ ба афзоиш аст.
Инчунин, чунин чорабиниҳо ба рушди минбаъдаи тенниси рӯи миз дар кишвар
мусоидат мекунанд.