Аз ҷумла, 9 кӯдак
аз Федератсияи Русия ва 2 кӯдак аз Ҷумҳурии Қазоқистон ба Ӯзбекистон
оварда шуданд.
Корҳои
баргардонидани ноболиғон аз ҷониби гурӯҳи корӣ анҷом дода шуданд, ки ба ҳайати он кормандони Вазорати корҳои дохилӣ,
Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Агентии миллии ҳифзи иҷтимоии назди
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон шомил буданд. Чорабиниҳо бо мусоидати
Ваколатдори Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳуқуқи кӯдак (Омбудсмани кӯдакон)
ва дар ҳамкорӣ бо мақомоти салоҳиятдори кишварҳои хориҷии дахлдор амалӣ гардиданд.
Бо мақсади таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кӯдакони
баргардонидашуда, бозгардонидани онҳо ба муҳити оилавӣ, инчунин фарогирӣ бо хидматрасониҳои
зарурии иҷтимоӣ ва кӯмакҳои дахлдор чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Минбаъд вазъи кӯдакон ва раванди мутобиқшавии онҳо дар оила аз ҷониби марказҳои хизматрасонии иҷтимоии «Инсон» дар маҳалли зисташон таҳти назорати иҷтимоӣ қарор хоҳанд гирифт.