Тибқи ин санади меъёрии идоравӣ, ба Низомнома дар бораи тартиби иҷозатномадиҳӣ ба фаъолияти
провайдерҳои хизматрасонӣ дар соҳаи гардиши криптоактивҳо чунин
тағйиру иловаҳои асосӣ ворид карда шуданд:
фаъолияти провайдерҳои хизматрасонӣ набояд аз ҷониби
шахсоне идора карда шавад, ки ба таври доимӣ дар давлатҳое истиқомат мекунанд, қарор
доранд ё ба қайд гирифта шудаанд, ки дар ҳамкории байналмилалӣ оид ба мубориза
бо қонунигардонии даромадҳои аз ҷиноят бадастомада, маблағгузории терроризм ва
маблағгузории паҳнсозии силоҳи қатли ом иштирок намекунанд;
провайдерҳои хизматрасонӣ уҳдадоранд бо мақомоти иҷозатномадиҳанда
масъалаҳои зеринро мувофиқа намоянд:
фурӯши саҳмияҳо (ҳиссаҳо)-и сармояи оинномавии худ ба
шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла ба ғайрирезидентҳо;
иваз кардани роҳбарият (роҳбар, муовинони ӯ), инчунин роҳбари
воҳиди сохтории масъули мубориза бо қонунигардонии даромадҳои аз ҷиноят, маблағгузории
терроризм ва маблағгузории паҳнсозии силоҳи қатли ом бадастомада;
мақомоти иҷозатномадиҳанда дар давоми 10 рӯзи корӣ аз рӯзи гирифтани ариза
қарорро оид ба мувофиқа ё рад кардани он қабул менамояд;
барои баррасии ариза ва қабули қарор оид ба мувофиқа ҳеҷ гуна боҷ ситонида намешавад.