Дар ин бора зимни вохӯрӣ бо намояндагони воситаҳои ахбори омма, ки 8 июл аз ҷониби Агентӣ баргузор гардид, иттилоъ дода шуд. Дар чорабинӣ сардори Раёсати ташкили баҳисобгирии партовҳо ва утилизатсияи Агентӣ Умарҷон Абдуллаев иштирок намуда, ба саволҳои рӯзноманигорон, ҷомеа ва блогерҳо оид ба таъсиси низоми утилизатсияи воситаҳои нақлиёти аз истифода баровардашуда посух дод.

Тибқи маълумоти Агентӣ, имрӯз дар Ӯзбекистон тақрибан 5 миллион воситаи нақлиёт ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо ҳудуди 100 ҳазор адад дар ҳолати корношоям қарор доранд. Маҳз чунин мошинҳо сабаби тақрибан 63 дарсади партовҳои зараровар дар шаҳрҳо мебошанд. Ғайр аз ин, ҳангоми утилизатсияи як мошини кӯҳна то 50 килограмм партовҳои сахти хатарнок ҳосил мешаванд.

Дар ибтидо лоиҳа пешбинӣ мекард, ки барои соҳибони мошинҳои синнашон аз 30 сол боло ва бештар ҳар сол ҷуброни ҳатмии экологӣ ба маблағи 30 андозаи ҳисобии базавӣ (БҲМ) ҷорӣ карда шавад. Аммо баъд аз муҳокимаи васеи ҷамъиятӣ ва бо дарназардошти пешниҳодҳои воридшуда ин меъёр аз лоиҳа хориҷ карда шуд.

Ба ҷойи чораҳои маъмурӣ давлат ният дорад низоми ҳавасмандгардонии иқтисодиро ҷорӣ намояд. Тибқи консепсияи нав, дар кишвар шабакаи корхонаҳои мустақили арзёбӣ ва коркарди мошинҳои кӯҳна тавассути озмунҳои кушоду шаффоф ташкил карда мешавад.

Арзиши мошинҳо аз рӯи нархи бозорӣ муайян мегардад. Ҳамзамон, мутахассисон метавонанд ҳатто мошинҳои комилан корношоямеро, ки худ ҳаракат карда наметавонанд, дар маҳалли ҷойгиршавии онҳо аз назар гузаронанд.

Пас аз анҷоми баҳогузорӣ  ба соҳиби мошин ду вариант пешниҳод мешавад:

гирифтани маблағи пулӣ барои мошини супурдашуда ё гирифтани ваучери махсус. Ин ваучерро метавон ҳамчун пардохти аввалия ҳангоми харидани мошини нав аз дилери расмӣ истифода бурд. Арзиши ваучер аз нархи мошини нав тарҳ карда мешавад ва маблағи боқимонда мумкин аст бо қарзи бефоиз дар муҳлати аз 2 то 7 сол пардохт гардад.

Агар соҳиби мошин аз ваучер истифода накунад, ӯ метавонад дар давоми як моҳ арзиши онро ба шакли маблағи нақдӣ дарёфт намояд. Қисме аз хароҷоти корхонаҳое, ки ба арзёбӣ ва утилизатсияи мошинҳо машғул мешаванд, аз ҳисоби маблағҳои пардохти утилизатсионӣ ҷуброн карда мешавад.

Ба гуфтаи намояндагони Агентӣ, низоми нав ба шаҳрвандон барои навсозии парки автомобилӣ мусоидат хоҳад кард.

Масалан, имрӯз ҳангоми харидани мошини нави Cobalt, ки арзишаш 165 миллион сӯм аст, харидор бояд одатан 30–50 фоиз маблағи онро ҳамчун пардохти аввалия супорад.

Пас аз ҷорӣ шудани механизми нав, соҳиби мошини кӯҳна метавонад арзиши баҳогузоришудаи онро барои харидани мошини нав истифода барад. Масалан, агар мошини кӯҳна 5 миллион сӯм арзёбӣ шавад, маблағи боқимонда дар давоми ҳафт сол бидуни фоиз пардохт карда мешавад. Агар мошин 70 миллион сӯм арзёбӣ гардад, ҳаҷми пардохтҳои ҳармоҳа ба таври назаррас камтар хоҳад шуд.

Ба андешаи мутахассисон, татбиқи низоми пешниҳодшуда таъсири манфии мошинҳои кӯҳна ва корношоямро ба муҳити зист коҳиш дода, инчунин ба навсозии тадриҷии парки автомобилии кишвар мусоидат хоҳад кард.

Айни замон корҳо оид ба такмили лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ идома доранд. Такмили минбаъдаи он бо дарназардошти андешаҳои шаҳрвандон ва пешниҳодҳои мутахассисони соҳа анҷом дода мешавад. Агентӣ аз ҷомеа даъват кардааст, ки дар муҳокимаи ин ташаббус фаъолона иштирок намуда, пешниҳод ва мулоҳизаҳои худро ирсол намоянд.