Солҳои охир ба рушди инфрасохтори сайёҳӣ дар минтақаҳои кӯҳсори вилояти Тошканд, истифодаи босамари имкониятҳои табиӣ ва бунёди мавзеъҳои муосири истироҳатӣ диққати махсус дода мешавад.

Маҷмааи «Олтин бел»-и ноҳияи Паркент низ яке аз лоиҳаҳои бузурги ин самт буда, идомаи лоиҳаи «Kumushkon Resort» ба шумор меравад, ки соли 2025 бунёд гардидааст.

Ба маҷмаа, ки масоҳати умумии он 47 гектарро ташкил медиҳад, қариб 700 миллиард сӯм сармоя равона шудааст. Дар ин ҷо меҳмонхонаҳои муосир, хонаҳои истироҳатии сабки шале, тарабхонаҳо, иншооти варзишӣ ва фароғатӣ бунёд гардидаанд.

Бахусус, чор меҳмонхонаи панҷошёна ва 51 хонаи истироҳатии як ва дуошёна, ки ҳар кадом ҳавзи алоҳидаи шиноварӣ доранд, сохта шудаанд. Дар меҳмонхонаҳо ҳуҷраҳои тоифаҳои гуногун, шароити махсус барои шахсони маълӯл, минтақаҳои СПА ва дигар нуқтаҳои хидматрасонӣ ташкил гардидаанд.

Дар ҳудуди маҷмаа тарабхонаҳо барои 350 ва 700 нафар, фудкорти сеошёна, нуқтаҳои савдо, иншооти варзишии кушоду пӯшида, инчунин аквапарк дар майдони 2,2 ҳазор метри мураббаъ мавҷуд.

Барои фароғати пурмазмуни меҳмонон низ масканҳои гуногуни дилхушӣ ташкил шудаанд. Аз ҷумла, 14 намуди аттраксион, зиплайни 650-метра, пайраҳаҳои картинги гравитатсионӣ, роделбан, амфитеатри дорои 800 ҷойи нишаст, кӯли сунъӣ ва боғи ҳайвонот бунёд гардидаанд. Ҳамчунин, таваққуфгоҳ барои 1 ҳазору 100 автомобил ташкил карда шудааст.

Яке аз ҷиҳатҳои муҳими маҷмаа роҳандозии низоми омодасозии кадрҳои баландихтисос барои соҳаи сайёҳӣ мебошад. Дар маркази таълимие, ки бо ин мақсад таъсис ёфтааст, аз рӯйи самтҳои хидматрасонии меҳмонхона ва тарабхона машғулиятҳои амалӣ гузаронида мешаванд. Ҳоло Кумитаи сайёҳӣ ҷавонони бекори маҳаллаи Кумушконро ба омӯзиш фаро гирифта, то охири сол омода намудани 300 мутахассис ба нақша гирифта шудааст.

Бо мақсади ба сатҳи байналмилалӣ расонидани сифати хидматрасонӣ идоракунии меҳмонхонаҳо ба ширкати «Elite World»-и Туркия вогузор шудааст. Тавассути ҷалби ин ширкат, ки дар тиҷорати меҳмонхона 46 сол таҷриба дорад, ҷорӣ намудани стандартҳои муосири идоракунӣ, баланд бардоштани сифати хидматрасонӣ ва зиёд кардани ташрифи сайёҳони хориҷӣ дар назар аст.

Тибқи ҳисобу китобҳо, пас аз пурра ба кор шурӯъ кардани маҷмаа 600 ҷойи нави корӣ таъсис меёбад. Имкони хидматрасонӣ ба қариб 6 ҳазор нафар дар як шабонарӯз фароҳам гардида, ба 200 миллиард сӯм расидани даромади солона пешбинӣ мешавад.

Рушди соҳаи сайёҳӣ дар ноҳияи Паркент барои истифодаи бештару васеътар аз имкониятҳои мавҷуда замина фароҳам меорад. Дар муддати сипаришудаи соли ҷорӣ ба ноҳия 198,2 ҳазор сайёҳи хориҷӣ ва 1,4 миллион сайёҳи дохилӣ ташриф овардаанд. Ҳаҷми содироти хидматрасонии сайёҳӣ ба 81,1 миллион доллар расидааст.

Ташкили маҷмааҳои бузурге чун «Олтин бел», ба афзунсозии ҷозибаи сайёҳии Паркент, таъмини будубоши бештари сайёҳон дар минтақа, васеъ кардани намуди хидматрасониҳо ва офаридани манбаъҳои нави даромад барои аҳолии маҳаллӣ мусоидат мекунад.

Сарвари давлат бо шароити маҷмаа шинос шуда, ба масъалаҳои беҳтар кардани сифати хидматрасонии сайёҳӣ, истифодаи босамари инфрасохтори мавҷуда ва густариши минбаъдаи имкониятҳои сайёҳии минтақа таваҷҷуҳ зоҳир намуд.

Дар ҳамин ҷо ба Президент намоишгоҳи масолеҳи муосири сохтмон, ки дар корхонаҳои кишварамон истеҳсол мешаванд, муаррифӣ гардид.