Тавре зикр шуд, ин лоиҳаҳо бо истифода аз равиши комилан нав, ки ба таҷрибаи пешқадами хориҷӣ асос ёфтааст, таҳия шудаанд. Дар онҳо самтҳои асосӣ ва нишондиҳандаҳои ҳадафноки сиёсати давлатӣ барои соли ҷорӣ, ки аз ҷониби Президент муайян гардидаанд, инчунин механизмҳои мушаххаси амалисозии онҳо инъикос ёфтаанд.
Ба фарқиятҳои байни барномаҳои ислоҳот ва Барномаи давлатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Барномаҳои ислоҳот ташаббусҳоеро дар бар мегиранд, ки аз ҷониби Сарвари давлат дар Муроҷиатномааш ба мардум ва Олий Мажлис пешниҳод шудаанд, инчунин ислоҳоти афзалиятнок барои соли 2026-ро дар бар мегиранд.
Ин беҳтар намудани инфрасохтори маҳаллаҳо ва бахшидани симои Ӯзбекистони Нав ба онҳо, гузаронидани иқтисод ба модели рушди технологӣ ва инноватсионӣ ва ҳавасмандгардонии талабот дар бозори дохилӣ, рушди касбӣ ва ташаккули меъмории нави бозори меҳнат, таъмини тавозуни экологӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои об, инчунин такмили идоракунии давлатӣ ва низоми судӣ-ҳуқуқӣ ва таҳкими ваҳдати ҷомеа мебошад.
Дар доираи ин барномаҳо гузариш аз тамоюли «таҳияи ҳуҷҷатҳо» ба тамоюли «ноил шудан ба натиҷа» амалӣ мегардад. Барои ҳар як ташаббус механизмҳои иҷро ва нишондиҳандаҳои асосии самаранокӣ (KPI) ҷиҳати баҳо додан ба натиҷаҳо аз рӯи ҷамъбасти сол муайян карда мешаванд. Барномаҳо механизми амалии мустақим дошта, барои баъзе ташаббусҳо қабули ҳуҷҷати алоҳида талаб карда намешавад. Барои ҳар як барномаи ислоҳот роҳбари масъул, ки ҷавобгарии шахсӣ дорад, инчунин мақоми давлатии ҳамоҳангкунанда таъин карда мешавад.
Барномаи давлатии татбиқи Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030» дар доираи «Соли рушди маҳалла ва пешрафти ҷамъият» иҷрои нишондиҳандаҳои ҳадафии стратегияро барои соли 2026 ташкил менамояд. Бо барнома нақшаи чорабиниҳои амалӣ, ки аз 337 банд иборат аст, тасдиқ мегардад. Дар соли 2026 таҳияи 59 лоиҳаи муҳимтарини санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз рӯи соҳаҳо ва 12 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки ислоҳоти стратегии калидиро пешбинӣ мекунанд, дар назар дошта шудааст.
Қайд гардид, ки ҳангоми таҳияи лоиҳаҳо ба андешаи ҷомеа таваҷҷуҳи махсус дода шудааст. Барномаи давлатӣ ба муҳокимаи васеи ҷамъиятӣ пешниҳод гардида, аз 23 январ то 1 феврал дар ВАО ва интернет фаъолона баррасӣ шуд. Беш аз 5 миллион корбар дар интернет бо лоиҳа шинос гардида, зиёда аз 22 ҳазор фикру пешниҳод иброз намуданд.
Дар донишгоҳҳо ва муассисаҳои давлатӣ беш аз 50 муҳокима баргузор гардида, дар онҳо тақрибан 10 ҳазор донишҷӯ, омӯзгорон ва хизматчиёни давлатӣ иштирок карданд.
Дар натиҷаи омӯзиш қариб 1 ҳазор пешниҳод ҳамчун созанда пазируфта шуда, ба лоиҳаи Барномаи давлатӣ ворид гардид.
Аз ҷумла, ташаббусҳои зерин дастгирӣ шуданд: шадидтар кардани ҷазо барои зӯроварӣ нисбат ба занон ва кӯдакон, ҷорӣ намудани ҳабси якумрӣ барои педофилия, такмили механизмҳои қарздиҳӣ барои ипотека ва хариди мошинҳои барқӣ, расонидани саҳми манбаъҳои барқароршавандаи энергия то 30 фоиз, баровардани соҳаи мубориза бо коррупсия ба сатҳи нав, ҷорӣ намудани институти ҳайати ҳакамон дар мурофиаи ҷиноятӣ.
Ҳамчунин пешниҳодҳо оид ба таҳкими ҳисоботдиҳии ошкоро дар мавриди истифодаи маблағҳо барои эҳтиёҷоти маҳаллаҳо, сохтмони роҳҳо, роҳҳои пиёдагард ва велосипедронӣ, таъсиси бизнес-инкубаторҳо, кушодани марказҳои бозомӯзии касбӣ дар назди минтақаҳои саноатӣ, пурзӯр кардани масъулият барои буридани дарахтон, ҷорӣ намудани KPI оид ба самаранокии энергия ва ташкили занҷираи коркард ва утилизация низ ҷолиб дониста шуданд.
Илова бар ин, дар ИМА, Олмон, Туркия, Фаронса, Канада, Корея, Ҷопон, Шветсия, Португалия ва Қазоқистон бо иштироки ҳамватанон, баррасиҳо ташкил карда шуданд, ки дар ҷараёни онҳо тақрибан 60 пешниҳод ворид гардид.
Ҳамватанони дар хориҷбуда чунин пешниҳодҳо ироа карданд, аз ҷумла: ҷорӣ кардани механизмҳои мушаххас, устувор ва шаффофи иҷозатномадиҳӣ ва назорат барои рушди фаъолияти мактабҳои ғайридавлатӣ, татбиқи низоми ҳавасмандгардонӣ ва масъулият барои мутахассисони корхонаҳо, ки таҷрибагузариро роҳнамоӣ мекунанд, роҳандозии системаи ягонаи рақамии скрининг барои муайян кардани гурӯҳҳои хавфнок дар рушди саратони гарданаки бачадон ва ғадуди шир, татбиқи модели «субсидия, вобаста ба натиҷаҳо» (performance-based subsidy) ҳангоми пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок, имплементатсияи модели «Export-as-a-service» барои корхонаҳои содироткунанда, ки хизматрасониҳои комплексии логистикӣ, гумрукӣ, сертификатсионӣ, маркетингӣ ва пардохтиро тавассути як оператор таъмин мекунад, таҳияи дастурҳо ва видеороҳнамоҳо оид ба истифодаи навбати электронии қабул ба адвокатҳо.
Барои маблағгузории амалисозии барномаҳо ҷудо кардани 250,5 триллион сӯм ва ҷалби 50,4 миллиард доллар пешбинӣ шудааст.
Вазорати адлия ва Палатаи ҳисоб мониторинги доимии иҷрои Барномаи давлатиро пеш мебаранд. Девони Вазирон дар ҳар семоҳа раванди иҷроро мавриди муҳокима қарор медиҳад. Дар бораи рафти иҷрои барнома дар ҳар шаш моҳ ба Палатаи қонунгузории Олии Маҷлис ва ҳар моҳ ба Президент ҳисобот пешниҳод карда мешавад.
Шахсони масъул, ки ба ҳар як барномаи ислоҳот вобаста карда шудаанд, бояд дар ҳар семоха ба Президент маълумот оид ба рафти иҷрои онро пешниҳод кунанд. Ба Сарвазир ҳамоҳангсозии амалисозӣ ва маблағгузории ташаббусҳо дар доираи барномаҳои ислоҳот ва назорати қатъӣ иҷрои онҳо вогузор шудааст.
Пас аз муҳокимаи муфассали лоиҳаҳои пешниҳодшуда, Сарвари давлати мо барномаҳои ислоҳот ва Барномаи давлатиро дар «Соли рушди маҳалла ва пешрафти ҷамъият» бо имзои фармони дахлдор тасдиқ намуд. Таъкид шуд, ки ҳама ислоҳот ва чорабиниҳои амалӣ пеш аз ҳама бояд натиҷаҳои назаррас дар зиндагии мардум, аз ҷумла таъсиси ҷойҳои нави корӣ, афзоиши даромад ва болоравии сатҳи қаноатмандии аҳолӣ ба бор оранд.