Пешниҳоди директори генералии ШОО Ҳусейн Ал-Мусаллам доир ба баргузор намудани Ассамблеяи Генералӣ дар шаҳри Тошканд дар соли 2026 аз ҷониби ҳамаи иштирокчиёни ҳамоиш якдилона дастгирӣ ёфт. Ин боз як далели он аст, ки дар кишвари мо ба варзиш ва ҳаракати олимпӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир мегардад ва обрӯи Ӯзбекистон дар саҳнаи байналмилалӣ меафзояд.
Тавре маълум аст, Ассамблеяи Генералӣ мақоморти олии роҳбарикунандаи Шӯрои олимпии Осиё ба шумор меравад, ки дар он намояндагони Кумитаҳои миллии олимпии 45 кишвари қитъа ширкат мекунанд. Дар ҷараёни он қарорҳои муҳиме, ки ба рушди варзиш дар қитъа, сиёсати варзишӣ ва самтҳои умедбахши он марбутанд, муҳокима мегарданд.
Соли 2022 шаҳри Тошканд бомуваффақият ҷаласаи Кумитаи иҷроияи ШОО-ро мизбонӣ намуда буд.









