Довталабоне, ки ба мактабҳои олӣ дохил нашудаанд, метавонанд аз рӯи холҳои гирифтаашон ба муассисаҳои таълими касбӣ раванд

    Таълим 12 Avgust 2022 1049

    Ба довталабоне, ки дар имтиҳонҳои дохилшавӣ ба риштаи бакалавриати мактабҳои олии Ӯзбекистон ширкат карда, аммо барои дохилшавӣ холҳои кофӣ надоштанд, имкони дохил шудан ба муассисаҳои таълимии касбии Ӯзбекистон (мактабҳои касбии техникӣ, коллеҷҳо ё техникумҳо) дода шуд.

    Ба иттилои хидмати матбуоти МДТ, довталабон имкон доранд, ки дар озмуни дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии касбӣ бо холҳои дар имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ гирифтаашон иштирок намоянд.

    Дар ин ҳолат, бояд шартҳои зерин риоя карда шаванд:

    агар довталаб дар озмоишҳои дохилшавии самти бакалавриати муассисаи таълими олӣ иштирок карда бошад;

    агар фанҳо ва самтҳои тайёрии довталабон барои дохилшавӣ ба муассисаи таълимии касбии интихобкарда бо маҷмӯи фанҳои соҳаи таҳсилот, ки қаблан барои дохилшавӣ ба мактаби олӣ интихоб шудаанд, мувофиқат кунанд;

    агар вай барои қабул ба муассисаи таълими касбӣ аз қайд гузарад.

    Агар ин шартҳо риоя нашаванд ё довталаб аз ин имконият истифода бурдан нахохад, вай дар имтиҳонҳои қабул ба муассисаҳои таълми касбӣ баробари довталабони дигар иштирок мекунад.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates