Таъкид мешавад, ки дар рӯзҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳолатҳои зиёдтар шудани нашри паёмҳо оид ба ҷамъоварии маблағ барои репатриатсияи ҷасади ҳамватанони дар хориҷ коркунанда, мушоҳида мегардад. Қаллобон дар ин ҳолатҳо рақамҳои корти пластикиро паҳн карда, маълумоти кӯҳна ё нодурустро истифода мебаранд ва аз эҳсосоти одамон барои манфиати худ истифода мекунанд.
«Аз шумо хоҳиш мекунем, ки ҳушёр бошед ва ба рақамҳои шубҳанок маблағ нафиристед. Барои ҳаллу фасли масъалаҳои репатриатсия танҳо ба мақомоти расмӣ – Агентии муҳоҷиратии назди Девони Вазирони Ӯзбекистон муроҷиат намоед», – омадааст дар изҳорот.
Дар ин идора ҳамчунин таъкид кардаанд, ки дар ҳолати вафоти шаҳрванди Ӯзбекистон дар хориҷи кишвар, хароҷоти овардани ҷасад ба Ватан аз ҳисоби маблағҳои Фонди муҳоҷиратӣ пардохт мегардад.








