Ӯзбекистон ва Арабистони Саудӣ созишномаи нав оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатиро ба имзо расониданд

    Байни Агентии муҳоҷирати назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ширкати саудии Health Resources Company (HRCO) созишномаи муҳим ба имзо расид, ки ба ташкили ҷойҳои кори қонунии, бехатар ва шаффоф барои шаҳрвандони Ӯзбекистон дар Арабистони Саудӣ ба сифати кормандони миёнаи тиб равона шудааст.

    Ҳадафи ин созишномаи барои ҳар ду тараф судманд — фароҳам овардани шароити муҳоҷирати меҳнатии қонунӣ ва ҳифзшуда, инчунин васеъ намудани имкониятҳои ҳамватанонамон барои кор дар низоми тандурустии Арабистони Саудӣ мебошад.

    HRCO (Health Resources Company) — як созмони бузургест, ки дар доираи ислоҳоти васеъмиқёси марбут ба марказонидани идоракунии низоми тандурустии Арабистони Саудӣ таъсис ёфтааст. Ин ширкат вазифаи идоракунии захираҳои инсонӣ ва таҳияи сиёсати ягонаи кадриро бар уҳда дошта, масъули идоракунии кормандон дар ҳамаи муассисаҳои давлатии тиббии кишвар мебошад.

    Илова бар ин, тибқи иттилои Агентии муҳоҷират, марҳилаҳои интихоб бо иштирокии корфармоён барои довталабоне, ки ба кор дар Арабистони Саудӣ ариза супоридаанд, оғоз ёфтанд. Аз 887 номзаде, ки хоҳиши кор карданро изҳор намудаанд, иштирокчиёни ба мусоҳиба иҷозатдодашуда ва омода ба ширкат дар интихоб муайян карда шуданд.

    Бо мақсади қулайӣ ба шаҳрвандон, чунин мусоҳибаҳо дар шаҳри Андиҷон рӯзҳои 3–4 декабри соли ҷорӣ низ баргузор мешаванд.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates