Сарвари давлат санги асоси ин шаҳракро моҳи августи соли 2022 гузошта буд. Дар давоми ин муддат шабакаҳои муҳандисӣ гузаронида шуданд ва 72 бинои бисёрқабата бо 1 773 хонаи истиқоматӣ мавриди истифода қарор гирифт. Дар соли ҷорӣ сохтмони боз 28 бинои истиқоматии дорои 1 ҳазор хона ба нақша гирифта шудааст. Умуман, дар ин шаҳрак зиёда аз 5 ҳазор воҳиди манзил бунёд мегардад.
Шаҳрак дар масоҳати зиёда аз 130 гектар, дар наздикии Фурудгоҳи байналмилалии Урганҷ сохта мешавад. Маҳз ҳамин маҷмааи замонавӣ ва хуб муҷаҳҳазшуда аввалин чизест, ки меҳмонон ҳангоми бо ҳавопаймо омадан дидан хоҳанд кард. Дар қисми марказии шаҳрак муҷассамаи бошукӯҳи олими бузург — Ал-Хоразмӣ гузошта мешавад.
Ба Президент консепсияи муҷассама пешниҳод гардид.
Муҷассама дар даромадгоҳи боғи нав, ки дар масоҳати 20 гектар дар дохили шаҳрак бунёд мешавад, гузошта хоҳад шуд. Баландии он 22 метр ва бо пойдевораш зиёда аз 30 метрро ташкил хоҳад дод.
Ба шахсони масъул супориш дода шуд, ки лоиҳаи муҷассамаро ҳам аз ҷиҳати меъморӣ ва ҳам муҳтаво такмил диҳанд, инчунин минтақаҳои сабзазорро дар шаҳрак бештар намоянд.
Қаблан Президент қарори таъсиси Донишгоҳи Ал-Хоразмӣ ва мактаби махсуси назди онро имзо намуд. Дар сохтори донишгоҳ се факултет фаъолият хоҳанд кард: математика ва информатика, муҳандисии технологияҳои кайҳонӣ ва зеҳни сунъӣ. Раванди таълим бо истифода аз таҷрибаи Донишгоҳи «Ӯзбекистони нав» ва ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои пешрафтаи АМА, Чин ва Британияи Кабир роҳандозӣ мешавад. Қабули донишҷӯён барои соли таҳсили 2025–2026 ба нақша гирифта шудааст. Шумораи умумии донишҷӯён тахминан 4-6 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Дар ҳудуди шаҳрак ҳамчунин филиали мактаби Тошканд ба номи Муҳаммад Ал-Хоразмӣ кушода мешавад. Ба ин мактаб хонандагони синфи 4 қабул карда мешаванд. Ду соли охири таҳсил ба омодагии ибтидоии муҳандисӣ бахшида мешавад.
Илова бар ин, дар шаҳраки Ал-Хоразмӣ технопарк ва биноҳои идорӣ, марказҳои тиббию фарҳангӣ, гулгашту хиёбонҳо, мактабҳо ва кӯдакистонҳо, маҷмааҳои варзишӣ, марказҳои савдо ва хизматрасонӣ сохта хоҳанд шуд.