Антитело пас аз COVID-19 хатарнок эътироф карда шуданд

    Тандурустӣ 9 Yanvar 2022 851

    Антителоҳое, ки дар одамони аз COVID-19 шифоёфта пайдо мешаванд, қодиранд иштибоҳан ба ҳуҷайраҳои солими узвҳо ва бофтаҳои бадан ҳамла кунанд. Ин хулоса, тибқи гузориши “Journal of Translational Medicine” (JTM), аз ҷониби як гурӯҳи муҳаққиқони Институти қалб дар Лос-Анҷелеси ИМА омадааст.

    Олимон муайян карданд, ки пас аз чанд моҳи шифо ёфтани шахс аз коронавирус, онҳо сатҳи баланди антитело доранд, ки метавонанд дуруст кор накунанд. Ин хулосаҳоро он далел тасдиқ кард, ки дар 177 корманди тиббие, ки то пайдоиши ваксинаҳо ба ин беморӣ гирифтор буданд, дар давоми шаш моҳ антителоҳои доимӣ, ки метавонанд илтиҳоби музмин, осеби буғумҳо, пӯст ва инчунин системаи асабро ба вуҷуд оранд, ошкор карда шуданд, хабар медиҳад РИА Новости.

    Аутоантитело – антитело, метавонанд бо аутоантигенҳо, яъне бо антигенҳои бадани худ ҳамкорӣ кунанд. Онҳо метавонанд стихиявӣ ё дар натиҷаи сироятҳои қаблӣ ба вуҷуд оянд. Онҳо метавонанд хабардиҳандагони барвақти бемории аутоиммунии пуршиддат бошанд.

    Қаблан маълум шуда буд, ки ҳатто як ҷараёни сабуки COVID-19 метавонад ба вайрон шудани узвҳои гуногун оварда расонад. Ба инҳо, аз ҷумла, кам шудани ҳаҷми шуш, зиёд шудани муқовимати роҳи нафас, мушкилоти дил, кам шудани кори гурдаҳо ва афзоиши хатари тромбози венозӣ дар узвҳои поёнӣ дохил мешаванд.

    Дар саросари ҷаҳон, тибқи маълумоти охирини СУТ, тақрибан 300 миллион нафар ба коронавирус мубтало шудаанд, ки 5,4 миллион нафари онҳоро наҷот дода натавонистанд. Вазъияти душвортарин дар ИМА, Ҳиндустон, Бразилия ва Британияи Кабир аст. Русия дар ин феҳрист дар ҷои панҷум қарор дорад.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates