Тавре ки хадамоти матбуоти Uzbekistan Airports хабар дод, айни замон аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии резидент ва ғайрирезидент танҳо парвозҳо барои бозгардондани мусофироне анҷом дода мешаванд, ки то 28 феврали соли 2026 аз кишвар берун рафтаанд.
Барои дақиқ кардани маълумот оид ба ин парвозҳо, танҳо ба намояндагиҳои ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва рақамҳои хатти гарм, ки дар сомонаҳои расмии онҳо зикр шудаанд, муроҷиат кардан лозим аст.
Тавсия дода мешавад, ки танҳо аз манбаъҳои расмии иттилоотӣ истифода бурда шавад ва бо мақсади пешгирӣ аз эҳтимоли ихтилофот ва хатарҳои молиявӣ аз муроҷиат ба воситаҳои нобаовар худдорӣ намоед.