Бино ба маълумот, ҳайати экипажи ҳавопаймои “Boeing 787” пас аз ногаҳон бад шудани вазъи саломатии яке аз мусофирони дохили ҳавопаймо, қарор кард, ки дар фурудгоҳи захиравӣ фуруд ояд.
Ҳавопаймо дар Самарқанд соати 03:40 ба вақти Тошканд фуруд омад. Ба мусофире, ки соли 1959 таваллуд шудааст ва шаҳрванди Фаронса мебошад, ёрии таъҷилии тиббӣ расонида шуд. Тибқи маълумоти аввалия, дар ӯ сактаи дил тахмин карда мешавад.
Мусофир ва ду нафар ҳамроҳаш барои ташхиси иловагӣ ва табобат ба кормандони тиб супурда шуданд.
Пас аз анҷоми чораҳои зарурӣ, парвоз идома дода шуд. Соати 05:11 ҳавопаймои “Turkish Airlines” ба самти Истанбул парвоз кард.