Мувофиқи омори расмӣ шумораи бекорон дар мамлакати мо ба 1 миллиону 300 ҳазор нафар мерасад. Имсол боз 2,4 миллион кас ба бозори меҳнат дохил мешавад.
Бо дарназардошти ин, дар назар аст, ки соли ҷорӣ аз ҳисоби таъсиси ҷойҳои кории устувор ва сердаромад дар маҳалҳо 5 миллион нафар бо ҷойи кор таъмин карда шаванд. Аз ҷумла, имкони бо кор таъмин намудани 2,5 миллион нафар дар соҳаи хизматрасонӣ, 2,1 миллион нафар дар соҳаи кишоварзӣ, 250 ҳазор нафар дар лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва саноат, 140 ҳазор нафар дар соҳаи сохтмон вуҷуд дорад.
Ба ғайр аз ин, ба нақша гирифта шудааст, ки ба тиҷорат 2 миллион нафар аз ҳисоби васеъ ҷорӣ кардани инструментҳои нави молиявӣ, аз он ҷумла, низоми нави микромаблағгузорӣ ҷалб карда шаванд. Дар тақдимот масъулин доир ба барномаи таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои соли 2024 маълумот доданд.
Сарвари давлатамон ин барномаро маъқул дониста, ҷиҳати татбиқи он супоришҳои иловагӣ дод.
Таъкид гардид, ки дар солҳои охир 2,4 миллион нафар бо кори мустақил шуғл варзида, ҳоло бояд ба онҳо дар вусъат додани фаъолият, зина ба зина гузаштан ба тиҷорати хурд ва ҷустуҷӯи бозорҳо кумак расонанд. Ба ин ҷорӣ намудани платформаи «Бизнеси ман» ва кортҳои бонкии «Қадами аввал ба тиҷорат» мусоидат мекунад.
Зарурати бунёди инфрасохтор дар заминҳои ба муомилоти иқтисодӣ дохилнашуда ва дастгирии ташаббускорони лоиҳа таъкид гардид. Муайян шудааст, ки барномаи “100 ҳазор деҳқон-экспортёр” дар заминаи низоми “Агрегатор” ҷорӣ шуда, имсол 15 ҳазор гектар замин ба музояда гузошта мешавад.
Аҳамияти омӯзиши касбӣ барои шахсоне, ки собиқаи корӣ надоранд ва додани имтиёзҳои андоз ба корхонаҳое, ки шаҳрвандонро аз рӯи қайди иҷтимоӣ ба кор қабул мекунанд, инчунин таъкид гардид.
Ба вазорати иқтисодиёт ва молия супурда шуд, ки барои созмон додани ҷойҳои нави корӣ захираву имкониятҳои иловагӣ дарёбанд.
Дар муаррифӣ ҳамчунин пешниҳодҳо оид ба коҳиш додани талаботи ҳатмӣ дар соҳаи соҳибкорӣ ва соддагардонии тартиби додани иҷозатнома баррасӣ шуданд.
Чӣ хеле ки маълум аст, соли ҷорӣ дар кишварамон “Соли дастгирии ҷавонон ва тиҷорат” эълон шуд. Дар назар аст, ки барои пешбурди тиҷорат шароити боз ҳам мусоид фароҳам оварда шавад.
Бояд гуфт, ки то ҳол ҳолатҳои аз соҳибкорон талаб намудани маълумоти иловагӣ, ки аллакай дар системаҳои иттилоотии дахлдор мавҷуданд, вуҷуд доранд. Дар робита ба ин, аз соли ҷорӣ 34 намуди шаҳодатнома ва ҳисобот бекор карда мешавад. Ба шарофати ин зиёда аз 21 ҳазор нафар соҳибкорон соле 500 миллион сӯмро сарфа мекунанд.
Умуман, рӯйхати ягонаи ҳисоботи пешниҳоднамудаи соҳибкорон вуҷуд надорад. Дар робита ба ин, сарвари давлат дастур дод, ки низоми ягонаи ҳисоботдиҳӣ ҷорӣ карда шавад.
Инчунин, ба мақсади коҳиш додани талабот ба соҳибкорон зарурати бекор кардани 16 намуди литсензия ва рухсатнома нишон дода шуд.
Вазифа гузошта шуд, ки соҳибкорон аз навовариҳои соҳа хабардор карда, пешниҳодҳои онҳоро пайваста таҳлил намуда, корҳо оид ба оптимизатсияи ҳисоботи оморӣ идома дода шаванд.