«Дар чорабинӣ гузарондани биржаи  тамосу кооператсионӣ пешбинӣ шудааст. Барои иштирок кардан дар форум кариб сад нафар одамон имзо гузоштанд. Пешниҳодҳои худро пешакӣ фиристодем ва самтҳои таваҷҷуҳи ширкатҳои Беларусро нишон додем. Ҳамкорӣ дар соҳаҳои мошинасозӣ, кишоварзӣ ва саноати сабук мароқи калон дорад. Дар ҷараёни бизнес-форум имзои як қатор қарордодҳо, меморандумҳо ва созишномаҳо дар назар аст”, гуфт раиси Палатаи савдо ва саноати Беларус Михаил Мятликов ба хабаргузорони БелТА.

Вай таъкид кард, ки Ӯзбекистон шарики ояндадор барои Беларус ҳамчун як маркази логистикӣ барои интиқоли маҳсулот ба бозорҳои дигар, дар заминаи тавлиди муштарак ва содироти минбаъда аст.

Ба гуфтаи ӯ, интиқоли маҳсулоти Беларус ба Ӯзбекистон рӯ ба афзоиш аст.

«Ин ба сатҳи муомилоти мол, ки дар охири соли гузашта аз 300 миллион доллар гузашт, таъсири мусбат мерасонад. Дар чор сол ба мо муяссар шуд, ки онро ду баробар зиёд кунем. Имрӯз мо маҳсулоти мошинсозиро дар бозори Ӯзбекистон фаъолона пешбарӣ карда истодаем. Маҳсулоти «Белкоммунмаш» низ ин бозорро фатҳ карда истодааст. Сухан дар бораи электробусҳо меравад. Имрӯз ин техника дар кӯчаҳои Тошканд равуо дорад», – таъкид намуд раиси  БелТПП.

Ғайр аз ин, Белоруссия ба фиристодани меваю сабзавот аз Ӯзбекистон манфиатдор аст, ки аз сабаби иқлим дар мамлакати мо намерӯянд.

Дар соли 2021 гардиши мол 301,9 миллион долларро ташкил дод ва нисбат ба соли 2020 7,8 фоиз, содирот 245,4 миллион доллар (афзоиш 3,3 фоиз) афзуд. Салдо мусбат  – 188,9 млн. доллари ИМА.