Бе хотираи таърихӣ оянда нест. Мо хидматҳои таърихии Президенти Нахустинро дар истиқлолиятро ба даст овардани Ӯзбекистон ва сохтмони давлатӣ бо эҳтиром ба ёд меорем.
Ба шарофати таваҷҷуҳи Сарвари давлатамон Шавкат Мирзиёев хотираи Нахустин Президент абадӣ гардонида шуда, мақбараи ӯ бунёд гардид. Таҷлили зодрӯзи ӯ - 30 январ ба анъана табдил ёфтааст.
Пос доштани хотираи фарзандони фарзонаи Ватан арзиши муҳими мардуми мост. Маросими ёдбуди имрӯза боз як таҷассуми он гардид. Оятҳои Қуръон хонда ва дуо гуфта шуд. Дар бораи хидматҳои Ислом Каримов дар таъмини манфиатҳои халқи мо, сифатҳои инсонии ӯ сухан ронданд.
Дар ин маросим, ки дар Маҷмааи ёдгории илмию маърифатии ба номи Ислом Каримов баргузор шуд, инчунин аъзои палатаҳои Олий Маҷлис, намояндагони Маъмурияти Президент ва ҳукумат, арбобони илму фарҳанг, аҳли ҷомеаи шаҳр иштирок доштанд.
Ба пояи муҷассамаҳои Нахустин Президент дар шаҳрҳои Самарқанд ва Қаршӣ гулҳо гузошта шуданд.