Шавкат Мирзиёев: Истиқлолият ба осонӣ ба даст наомад

    Ҳукумат 31 Avgust 2022 8703

    Президент Шавкат Мирзиёев субҳи 31 август ба хиёбони “Шаҳидлар хотираси” ташриф овард.

    Намояндагони насли калонсол, ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ ба хотири гиромидошти хотираи қурбониёни табъид ҷамъ омаданд. Ба хотираи фавтидагон сураҳо аз Қуръон ва дуоҳо хонда шуд. Маросими ёдбуд барпо гардид.

    Дар рӯзҳои таҷлили истиқлолият дар кишвар пос доштани хотираи фидоиёни Ватан маънии амиқ дорад. Ин боз як далели он аст, ки хидмат ба мардум ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешавад, озодиву сулҳи кишварамон бебаҳост.

    Аз соли 2001 инҷониб 31 август ҳамчун Рӯзи ёдбуди қурбониёни табъид таҷлил мешавад. Кор барои абадӣ гардондан, омӯзиши ҳаёт ва мероси онҳо идома дорад. Соли гузашта Осорхонаи хотираи қурбониёни табъид аз нав сохта шуд. Ин гуна осорхонаҳо дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва тамоми вилоятҳо кушода шуданд.

    Имсол дар осорхона бахшида ба 100-солагии ба Олмон барои таҳсил фиристодани донишҷӯёни ҷадид намоишгоҳ ташкил карда шуд.

    Сарвари давлатамон аз музей дидан карда, бо экспозиция шинос шуд.

    — Мо бесабаб ҳар сол ба ин ҷо омада, хотираи онҳоро гиромӣ намедорем. Ба даст овардани истиқлолият осон набуд. Ҳарчанд истиқлолият 31 сол пеш ба даст оварда шуда бошад ҳам, бобоёни мо беш аз 100 сол пеш барои ин кӯшиш карда буданд. 100 ҳазор ҳамватанони мо репрессия карда шуданд, 13 ҳазор нафарашон бераҳмона тирборон карда шуданд. Чаро? Зеро онҳо бузургтарин қаҳрамонони мо, саровати миллат буданд. 2-3 забонро медонистанд. Режим дарк мекард, ки онҳо қодиранд Ватани моро озод карда, онро ба гул-гулшукуфӣ расонанд. Дар ин ҷо гӯё садои онҳо шунида мешавад, — гуфт Шавкат Мирзиёев.

    Президент дар ин бора сухан ронда, оятеро аз Қуръони Карим ёдовар шуд. Ояти 169-уми сураи "Оли Имрон" мефармояд: «Касонеро, ки дар роҳи Худованд ҳалок шудаанд, ҳеҷ гоҳ мурда нашуморед, онҳо зиндаанд ва ризқи худро аз Парвардигор мегиранд".

    Хотираи гузаштагони шаҳидамон, ки барои озодии халқи мо, ҳақиқату адолат ҷони худро нисор кардаанд, абадӣ боқӣ хоҳад монд.

    Сарвари давлат таъкид кард, ки ин давраи таърих то ҳол ба таври комил омӯхта нашудааст ва таҳқиқи шахсияти қурбониёни табъид ва эҳёи хотираи онҳо бояд идома ёбад.

    — Ман супориш додам, ки ҳатто агар порчаи коғаз бошад ҳам, ҳуҷҷатҳои марбут ба сарнавишти ин одамонро пайдо кунед, барои ин ба қадри зарурӣ маблағ ҷудо кунед, — гуфт Президент. — Дар натиҷа, дар солҳои охир номи бисёре аз қурбониёни табъид маълум шуд. Мо ба хотири адолат хотираи гузаштагони каҳрамонамонро барқарор мекунем. Дар як соли охир номи 235 ҳамватани моро Суди олии Ӯзбекистон сафед кард. Ба номи бобоёнамон музейҳо ва мактабҳо ташкил мекунем. Барои Абдулло Қодирӣ мактаб сохта, дар маркази Тошканд ба ӯ муҷассама гузоштем. Чаро? То ки одамоне, ки аз он ҷо мегузаранд, бинанд ва аз он андеша кунанд, ки ниёгонашон киҳо буданд, осори онҳоро донанд. Ё барои барқарор кардани хотираи Чӯлпон чи қадар душвориҳо пеш омад? Имрӯз мо мегӯем: ба поён фаро, ба назди мардум рав, зеро қувваи мо дар халқ аст. Чӯлпон ҳам ҳамин тавр гуфта буд. Ин кори хайрро боздоштан мумкин нест. Китобу филмҳои нав офаридан лозим аст.

    Сарвари давлатамон ба олимону зиёиёне, ки дар ин самт фаъолият доранд, миннатдорӣ баён намуд. Таъкид гардид, ки ҳаёту эҷодиёти ҷадидон бояд тавассути телевизион ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҷавонон расонида, ин мавзӯъ дар дарсҳои мактабӣ ба таври васеъ инъикос карда шавад. Ташаббуси таъсиси кафедраи омӯзиши мероси маънавии аҷдоди мо дар Академияи байналмилалии исломии Ӯзбекистон ба миён гузошта шуд.

    Чунон ки маълум аст, режими тоталитарӣ танҳо бо несту нобуд кардани ҷадидҳо маҳдуд набуд. Ҳанӯз дар солҳои 80-ум ҳазорон ҳамватанони моро бо баҳонаҳои мухталифи тӯҳмат ба зиндон андохта, таъқиб мекарданд.

    — Раҳораҳ ба ин ҷо ман дар ин бора фикр кардам. Агар гӯем, ки воқеаҳои солҳои 30-ум таърихи дур аст, пас дар бораи қазияи «пахта» чӣ гуфтан мумкин аст?! Онҳо барои фишор овардан ба роҳбарони мо айбҳои бардурӯғро фикр карда баромаданд. Оё дар дигар ҷумҳуриҳо камбудӣ набуд? Чунин ҳодисаҳои аламоварро ҳеҷ гоҳ фаромӯш кардан мумкин нест. Дар рӯзҳои идона ва осоишта, мисли имрӯз мо бояд инро аз қалби худ гузаронда то ба ҷавононамон расонем, — гуфт Шавкат Мирзиёев.

    Ҳамчунин қайд карда шуд, ки дунё рӯз то рӯз ташвишовар шуда истодааст ва дар чунин вазъият бояд ҳушёриро аз даст надода, дурандешона амал кард.

    — Тавре мебинед, дар ҷаҳон рақобату таҳдидҳо шиддат гирифта истодааст. Барои омодагӣ ба ин, шумо бояд ҳамеша ҳушёр бошед. Дар баробари шукргузорӣ барои ҳаёти имрӯзаи осоишта ва озодамон моро лозим аст, ки таҳкурсии ояндаамонро мустаҳкам кунем. Чӣ тавр мустаҳкам кардан мумкин аст? Ба воситаи дониш. Агар мо аз бузургии ниёгон илҳом гирифта, маорифро дар ҳама соҳаҳо такмил диҳем, дар ҳеҷ чиз аз кишварҳои пешрафта кам нахоҳем шуд. Агар мо фарзандонамонро хуб таълим диҳем, натиҷа аз он ҳам беҳтар мешавад, ки мо интизор будем. Истиқлолияти мо пойдор ва абадӣ хоҳад буд, — гуфт сарвари давлат.

    Дар паҳлӯи қабри рамзӣ дар маҷмӯи ёдгорӣ низ сураҳо аз Қуръон қироат шуданд. Барои гузаштагон, барои сулҳу осоиш ва беҳбудии диёрамон дуо хонда шуд.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates