ZF-UZ-VAC2001 ваксинаи нави рекомбинатии зидди коронавирус мебошад, ки онро олимони Институти микробиологияи Академияи илмҳои Чин офарида, ширкати фарматсевтии Anhui Zhifei Longcom Biopharmaceutical Co. Ltd истеҳсол менамояд. Озмоишҳои клиникии он дар ҳамкорӣ бо олимони Ӯзбекистон гузаронида шуданд.
Дар айни замон, дар Тошканд аҳолии аз 18-сола боло бо ин ваксина эм карда мешавад.