Дар он масъалаи ширкати як қатор ширкатҳои бритониёӣ дар лоиҳаҳои инфрасохтори нақлиётӣ бар асоси шарикии давлатию хусусӣ баррасӣ шуд.

Аз ҷумла, доир ба лоиҳаҳои сохтмони хатҳои роҳи оҳани баландсуръат, идоракунӣ ва навсозии фурудгоҳҳои маҳаллӣ, инфрасохтори роҳ табодули афкор сурат гирифт.

Намояндагони Британияи Кабир омодагии худро барои ҳамкорӣ дар соҳаи инжиниринг, лоиҳакашӣ, хидматрасонӣ ва маблағгузорӣ изҳор намуданд. Дар поёни мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки музокиротро идома диҳанд.