Мутобиқи иловаҳои вориднамудаи Қонун, ҷорӣ гардидани тартиби иҷозатномадиҳӣ барои намудҳои зерини фаъолият муқаррар шудааст:

ҷамъоварӣ (харид), коркард ва фурӯши лом ва партовҳои металлҳои сиёҳ;

ҷамъоварӣ (харид), коркард ва фурӯши лом ва партовҳои металлҳои ранга;

савдои яклухт ва чаканаи гази табиӣ.

Барои додани иҷозатнома оид ба ин намудҳои фаъолият боҷи давлатӣ дар ҳаҷмҳои зерин ситонида мешавад:

ҷамъоварӣ (харид), коркард ва фурӯши лом ва партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга — ба андозаи 10 БРВ;

савдои яклухт ва чаканаи гази табиӣ — ба андозаи 30 БРВ.