Бо фармон Консепсияи рушди фаъолияти эксперти судӣ дар Ӯзбекистон барои солҳои 2021-2025 ва "харитаи роҳ" барои татбиқи консепсия дар солҳои 2021-2023 тасдиқ шуд.
Мувофиқи Фармон, дар сохтори маркази ҷумҳуриявии фаъолияти эксперти судии ба номи Х.Сулаймоноваи назди Вазорати адлия Пажӯҳишгоҳи экспертизаи судӣ бидуни ташкили шахси ҳуқуқӣ таъсис дода шуд.
Институт дар соҳаи экспертизаи судӣ корҳои илмию тадқиқотӣ пеш мебарад.
Аз 1 сентябри соли 2021:
- ташкилотҳои судию экспертии давлатӣ ва ғайридавлатӣ ҳуқуқ доранд, ки дар асоси шартнома тибқи дархостҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба намудҳои гуногуни экспертизаҳои судӣ тадқиқот гузаронанд;
- дар мурофиаи судии иқтисодӣ, шаҳрвандӣ ва маъмурӣ ба адвокат иҷозат дода мешавад, ки тибқи дархосташ дар асоси шартнома дар ташкилотҳои судию экспертӣ ба гузарондани экспертиза ташаббус зоҳир кунад;
- механизми аттестатсияи коршиносони ташкилотҳои ғайридавлатии судию экспертӣ дар 3 сол як маротиба ҷорӣ карда мешавад.
- аз 1 марти соли 2022 низоми ягонаи иттилоотии электронии "E-ekspertiza"ба кор дароварда мешавад, ки барои ҳаматарафа автоматикунонии равандҳои ҷамъоварӣ ва коркарди маълумот дар бораи коршиносон ва ташхиси судӣ, расонидани иттилоот ба мардум ва мақомоти ваколатдор дар соҳаи фаъолияти судию экпертӣ, инчунин таъмини ҳамаи намудҳои ҳамкории иттилоотӣ бо ташкилотҳое, ки дар татбиқи амалҳои экспертӣ иштирок мекунанд, пешбинӣ шудааст.
Инчунин, тайёр кардани кадрҳо дар соҳаи мазкур метавонад тибқи принсипи таълими дугона дар донишгоҳҳо, дар курсҳои такмили ихтисоси мутахассисон на камтар аз 6 моҳ сурат гирад.
Бо фармон инчунин рӯйхати намудҳои экспертиза ва тадқиқот (16 номгӯ), ки солҳои 2021-2025 ҷорӣ карда мешаванд, тасдиқ карда шуд.