18 март роҳбари давлат ба татбиқи лоиҳаи Тошканди Нав оғоз бахшид. Дар тақдимоти мазкур масъалаҳои бобати татбиқи давраи якуми он баррасӣ гардиданд.
Дар марҳалаи мазкур сохтмони иморатҳои бисёрҳуҷра барои 60 ҳазор нафар аҳолӣ, биноҳои маъмурии идораҳои давлатӣ, боғу объектҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба нақша гирифта шудааст. Барои лоиҳасозӣ ва танзими ҳамаи корҳо мудирият ташкил гардида буд. Таҷрибаи урбанизатсия ва сохтмон дар бузургшаҳрҳои хориҷӣ омӯхта шудааст.
Консепсияи сохтмони Тошканди Нав дар асоси панҷ функсия таҳия гаштааст: маъмурӣ, иқтисодӣ, таълимӣ, тиббӣ ва маданӣ. Бинобар ин дар шаҳр идораҳои соҳавӣ ва муассисаҳои марбути онҳо ҷойгир хоҳанд шуд.
Дар ҷараёни тақдимот инчунин дар бораи «нақшаи роҳ»-и корҳои лоиҳаву сохтмон маълумот пешниҳод гардид. Барои татбиқи чунини лоиҳаи калонҳаҷм дар навбати аввал инфрасохторро бояд омода намуд. Таъкид гардид, ки ҳамзамон бархурдҳои замонавии урбанизатсия, технологияи «оқил» истифода хоҳанд гардид. Барои мисол, сохтмони пойгоҳи тригенератсия пешбинӣ мегардад, ки он ғайр аз тавлиди электроэнергия биноҳоро зимистон гарм намуда, тобистон хунук нигоҳ медорад. Тамоми шабакаҳои электрикӣ, коммуникатсионӣ, қубурҳои газ ва об бинобар нақша дар зери замин хобонда мешавад.
Дар шаҳр инфрасохтор, фазои зиндагӣ ва экология мутаносиб хоҳанд буд. Дар ин ҷо лоиҳаи «Камарбанди сабзи Тошканд» оғоз хоҳад гардид. Барои равуои озоди пиёдагардон ва велосипедронҳо шароити муносиб ба вуҷуд хоҳад омад. Барои ин пойгоҳҳои автомобилии зеризаминӣ, 14 нақби замонавӣ, 7 пул аз тариқи дарёҳои Чирчиқ ва Қарасу сохта хоҳанд шуд.
Роҳбари давлат ногузирии дар оянда дар шаҳр собит гардидани принсипи «қадри инсон», ба эътибор гирифтани эҳтиёҷи одамони синни гуногун, ба вуҷуд овардани шароитҳои зарури муносибро таъкид намуд. Дар бобати чӣ гуна ҷойгир гардидани объектҳо супоришҳо дода шуд, то ки онҳо барои истифода ва ҳаракати нақлиёт муносиб бошанд ва ҳамзамон ба фароҳамсозии қитъаҳои сабз эътибори алоҳида нигаронда шуд.
Инчунин пешниҳодот дар бобати ҷойгир намудани объектҳои савдо ва хидматрасонӣ зери эстакадаҳои метрои рӯизаминии Тошканд баррасӣ гардид. Аз ҷумла, дар қитъаи хате, ки аз тариқи ҳудуди ноҳияи Яшнобод мегузарад, ҷойгоҳи озоде дар тӯли чор километр вуҷуд дорад. Дар ин ҷо метавон қитъаҳои сабз, пойгоҳи автомобилӣ, майдонҳои воркаут, нуқтаҳои савдо ва хидматрасониро ҷойгир кард. Таҷрибаи шаҳри Берлин бинобар истифодаи ҷойгоҳи холии зери хати метрои рӯизаминӣ таҷдиди назар гардид.
Президент дар бобати тақсим намудани ин қитъаҳо ба лотҳо ва пешниҳод намудани онҳо барои иҷораи соҳибкорон, ба вуҷуд овардани қулаии иловагӣ барои аҳолӣ бо назардошти пешбинии тамоми чораҳои бехатарӣ супориш дод.