Chevrolet Cobalt ҳоло дар марказҳои дилерӣ дастрас аст: шарҳи UzAuto Motors

    Нақлиёт 21 Noyabr 2025 690

    Ҷамъияти саҳҳомии “UzAuto Motors” хабар дод, ки аз сад ҳазор модели сабукрави “Chevrolet Cobalt”, ки 3 ноябр ба фурӯш бароварда шуда буд, барои 20 833 адад автомашина пардохт анҷом ёфт ва шартномаҳои боқимонда бекор карда шуданд.

    Бинобар ин, ширкат фурӯши модели “Cobalt”-ро пас аз ба анҷом расидани муҳлати пардохт тавассути дилерҳои расмӣ оғоз кард.

    Акнун харидорон, ки натавонистанд тавассути низоми онлайн автомобил харанд, метавонанд Cobalt-ро аз дилери дилхоҳи Chevrolet харидорӣ намоянд. Мизоҷон метавонанд маркази дилерии барояшон мувофиқро интихоб карда, яке аз автомобилҳоро дастрас кунанд, инчунин таҷҳизоти иловагиро бидуни зарар ба кафолат дар худи дилерӣ насб намоянд.

    Алъон фурӯш дар ҳамаи марказҳои дилерӣ тавассути низоми ягонаи “UzAuto Motors” ба расмият дароварда мешавад. Дар ҳар як шартнома QR–код мавҷуд аст, ки ҳақиқӣ будани онро тасдиқ мекунад.

    Тибқи маълумоти ширкат, бино ба ҳолати 20 ноябри соли 2025 ҷамъ 2624 адад “Cobalt” ба шабакаи дилерӣ расонда шудааст, аз ин миқдор 1 969 адад фурӯхта шуда, ба мизоҷон тақдим гардидааст. Боз тақрибан 6 000 адад автомобили дигар ба дилерҳо ирсол хоҳад шуд.

    Ширкат таъкид намуд, ки фурӯши автомобилҳо тавассути марказҳои дилерии «UzAuto Motors» ба раванди сари вақт супурдани автомобилҳое, ки тавассути платформаи онлайн фурӯхта шудаанд, таъсир намерасонад.

    Аксари автомобилҳое, ки барои моҳи ноябр пешбинӣ шуда буданд, аллакай ба соҳибони худ супурда шудаанд. Ширкат ният дорад, ки то 15 декабр тамоми автомобилҳои барои моҳҳои декабр-январ пешбинишударо ба мизоҷон супорад.

    Ҳамзамон, хабарҳо дар бораи рух додани ҳолатҳои коррупсионӣ дар фурӯши сабукравҳои “Cobalt”, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардиданд, санҷида шуданд ва маълум гардид, ки аз тарафи муаллиф ҳеҷ гуна далел пешниҳод нашудааст. Ширкат чунин маълумоти беасосро барои обрӯи «UzAuto Motors» ва дилерҳо зараррасон номида, аз шаҳрвандон даъват кард, то хабарҳои тасдиқнашударо паҳн насозанд.

    Ширкат аз мизоҷон хоҳиш кард, ки агар дар марказҳои дилерӣ ба амалу кирдори ғайриқонунӣ ё тамаъҷӯӣ дучор шаванд, дар ин бора фавран ба хадамоти комленсии “UzAuto Motors” муроҷиат намоянд.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates