Дар ин бора Ҷамъияти саҳҳомии “UzAuto Motors” хабар дод.
Гуфта мешавад, ки моҳи майи соли ҷорӣ Президенти мамлакат зимни сафари худ ба вилояти Хоразм вазифа гузошта буд, ки дар корхонаи «Xorazm Avto» истеҳсоли моделҳои нав роҳандозӣ гардад, иқтидори истеҳсолот таҷдид ва васеъ карда шавад.
Бар асоси ин, истеҳсоли модели нави “Damas”, ки ба талаботи мизоҷон мувофиқ аст, дар нақша қарор дорад.
Модели нави “Damas” мошини бароҳат, сарфакор ва хурд барои ҳаракатҳои рӯзмарра ва фаъолиятҳои тиҷорӣ дар шаҳр аст. Андозаи он калонтар, қобилияти борбардорӣ зиёд шудааст ва бароҳатии ронанда ва мусофирон хеле беҳтар гардидааст. Модел дар ду версия истеҳсол мегардад — “Damas Move” (версияи мусофирбар) ва “Damas” Max (версияи боркаш). Модели нав бо “Damas”-и классик баробар истеҳсол мешавад, ки ба харидорон имкони интихоби озодро аз ду модел медиҳад.
Ҳамзамон, ширкат модели “Chevrolet Cobalt”-ро, ки талабот ба он баланд аст, ба таври куллӣ модернизатсия кард. Ба мизоҷон ду версияи нав — “Cobalt Style MCM” ва “Cobalt Midnight MCM” пешниҳод мешавад.
«Дар назарсанҷиҳое, ки дар дохил ва хориҷи кишвар оид ба модели нави Cobalt гузаронида шуд, беш аз 90 фоизи иштирокдорон дархост карданд, ки он бо имкониятҳои муосир муҷаҳҳаз гардад. Тибқи ин дахостҳо дар модели нав 12 функсияи нав, ки қаблан вуҷуд надошт, илова шуд ва зиёда аз 50 ҷузъи асосии он нав карда шуданд», — омадааст дар хабар.
Навигариҳо аз ҷумла: таҷдиди муҳаррик ва блокҳои идоракунӣ; такмил додани системаи ABS; блокҳои нав барои болинчаҳои бехатарӣ; мултимедияи сенсорӣ бо дастгирии Android Auto ва Apple CarPlay; круиз-контрол, функсияи гарм кардани курсиҳои пеш; ороишоти нави дохилӣ ва ғайра.
Қадами баъдии рушд додани модели Cobalt — навсозии берунии он (фейслифт) аст, ки аллакай кор дар ин самт шурӯъ шудааст. Версияҳои нав ҳамзамон бо комплектатсияҳои амалкунанда дар як вақт истеҳсол мешаванд.
«Акнун мизоҷон метавонанд яке аз чор модели Cobalt-ро, ки аз ҷиҳати функсионалӣ ва таҷҳизот фарқ мекунанд, интихоб кунанд», — таъкид шудааст дар хабар.
Зикр гардидааст, ки нархи автомобилҳо ва санаи оғози фурӯш баъдтар эълон хоҳад шуд.








