Ширкат тавзеҳ дод, ки ин тадбир ба инвентаризатсияи нақшавӣ марбут аст. Ба ин муносибат аз 4 то 8 январ додани тамоми мошинҳо боздошта шудааст.
"Баъди анҷоми инвентаризатсия кори марказҳои дилерӣ ба ҳолати муқаррарӣ бармегардад", - омадааст дар хабар.
Рӯйхати марказҳое, ки инвентаризатсияро анҷом додаанд, дар каналҳои расмии ширкат нашр карда мешаванд.