Дар ин бора Кумитаи рақобат маълумот дод.
Дар натиҷаи таҳлили Кумитаи рақобат ва бо иштироки ҶС “UzAuto Motors”, 21 зербанди шартнома мувофиқи талаботи қонун мутобиқ гардонида шуд.
Аз ҷумла, мӯҳлати бозгардони пул камтар карда шуд: пештар 30 рӯз пас аз имзои шартномаи иловагӣ буд, ҳоло ин мӯҳлат ба 10 рӯз кам гардид.
Ҳамчунин, дар мавриди таъхири расонидани мошин низ тағйирот ворид гардид. Қаблан дар ҳолатҳои ғайримуқаррарӣ, ки ба истеҳсолкунанда вобаста набуданд, мӯҳлати расонидани мошин тӯл кашад, тибқи банди 3.1 ба муддати 45 рӯз дароз кардани он дар бахши уҳдадориҳи фурӯшанда зикр гардида буд. Акнун ин банд ба бахши "форс-мажор" гузаронида шуд.
Пештар дар як сол ҳолати бастани шартномаи такрорӣ барои як тамғаи мошин муайян гардад, муҳлати таҳвил то 120 рӯз дароз карда мешуд. Акнун ин банд пурра бекор карда шуд.
Инчунин, дар шартнома ӯҳдадориҳои фурӯшанда, ки тибқи қонунгузорӣ муқаррар шудаанд, ба таври дақиқ нишон дода шуданд.








