Шумораи муҳоҷирони корӣ аз Ӯзбекистон ба Русия чаҳор баробар коҳиш ёфтааст

    Дар Ӯзбекистон эҳтимоли коҳиши вуруди муҳоҷирони корӣ ба Русия ба далели афзоиши талабот ба неруи корӣ дар дохили кишвар баррасӣ мешавад.

    Дар ин бора сардори шуъбаи Агентии муҳоҷирати меҳнати хориҷии назди Вазорати шуғли аҳолӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ Алишер Рӯзиев хабар дод.

    Ба гуфтаи вай, дар чанд соли ахир теъдоди муҳоҷирони корӣ аз Ӯзбекистон ба Русия аз 4-6 миллион то як миллион нафар коҳиш ёфтааст. Ин тамоюли манфӣ, ба гуфтаи котиби матбуоти Президенти Ӯзбекистон Шерзод Асадов, ба муваффақияти ислоҳоти ҷараёндошта дар кишвар марбут аст.

    Вай қайд кард, ки айни замон дар Ӯзбекистон суръати сохтмон ҷараён дорад, аз ин рӯ маоши коргарон аллакай ба сатҳи баъзе иншооти Русия наздик шудааст. Ин ба вазъияте оварда мерасонад, ки бисёре аз шаҳрвандон дар муҳоҷирати корӣ ба Русия ба далели рақобатпазиртар шудани маош дар дохили кишвар шояд маъниеро набинад, хабар медиҳад АН Прайм.

    Илова бар ин, гуфта мешавад, ки дар чанд соли ахир Агентии муҳоҷирати меҳнати хориҷӣ ҷуғрофиёи шуғли шаҳрвандони Ӯзбекистонро дар хориҷи кишвар тавсеа додааст, ки ин ба қонеъ гардонидани талабот ба қувваи корӣ дар кишварҳои Аврупо мусоидат кардааст. Ин як қисми стратегияи агентӣ оид ба мутобиқшавӣ ба шароити тағйирёбандаи бозори меҳнат мебошад.

    Тибқи маълумоти расмӣ, ҳудуди ду миллион шаҳрванди Ӯзбекистон берун аз кишвар, аз ҷумла тақрибан як миллион нафар дар Русия кор мекунанд, ки тақрибан 20 дарсади аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъолро ташкил медиҳад.


    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates