Ба иттилои пешакии хадамоти иктишофӣ эҳтимол меравад, ки ин ҳамлаҳо танҳо тавлиди бомбаи ҳастаиро дар Эрон ба муддати чанд моҳ ба таъхир андохта бошанд. «Ин ба истилоҳ арзёбии комилан носаҳеҳ аст», — иқтибос меорад CNN сухани котиби матбуоти Кохи Сафед Кэролайн Ливиттро.

Бо вуҷуди ин, телевизион меафзояд, ки ин арзёбӣ аз ҷониби Идораи иктишофии Вазорати дифои ИМА (РУМО) таҳия гардида, ба таҳлили Ситоди марказии Қувваҳои мусаллаҳи ИМА пас аз ҳамлаҳо анҷомдода асос ёфтааст, менависад tass.ru.

Манбаи CNN иттилоъ додааст, ки захираҳои урани ғанигардида дар Эрон нобуд нашудаанд ва центрифугаҳо асосан «зарар надидаанд». Ба гуфтаи манбаъ, «ба арзёбии РУМО, ИМА тавонистааст Эронро фақат ба чанд моҳ ақиб андозад».

Ҳамзамон, CNN зикр мекунад, ки таҳлили зарари ба объектҳои ҳастаӣ расондашуда ва таъсири ҳамлаҳо ба барномаи ҳастаии Эрон идома дорад ва метавонад бо пайдо шудани маълумоти нав тағйир ёбад.