Рӯзи аввал асосан ба баррасии Барномаи пешниҳодшудаи ҳамкории техникӣ барои солҳои 2026–2027 ва бознигарии натиҷаҳои ҷории фаъолияти Агентӣ таваҷҷуҳ дода шуд, хабар медиҳад АИ «Дунё».
Аз ҷониби Ӯзбекистон Намояндаи доимии назди созмонҳои байналмилалӣ дар Вена Бахтиёр Ибрагимов суханронӣ кард. Дар баромадаш ӯ бар дастгирии доимии Ӯзбекистон аз талошҳои АМАЭ ҷиҳати васеъ кардани истифодаи осоиштаи технологияҳои ядроӣ таъкид намуда, аҳамияти ҳамкории техникиро ҳамчун механизми асосии кӯмак ба давлатҳои узв дар татбиқи афзалиятҳои миллии онҳо зикр кард.
Дар ин замина кори муштараки Ӯзбекистон ва АМАЭ оид ба иҷрои «Харитаи роҳ барои ҳамкорӣ дар солҳои 2025–2027» инъикос ёфт, ки он лоиҳаҳоро дар соҳаҳои тибби ядроӣ, терапияи радиатсионӣ, тайёр кардани мутахассисон, таҳкими заминаи меъёриву ҳуқуқӣ ва рушди инфрасохтори ядроӣ фаро мегирад.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки Ӯзбекистон ба пешбурди минбаъдаи ташаббусҳои дахлдори Агентӣ, аз ҷумла дар самтҳои амнияти озуқаворӣ, тандурустӣ ва экология, таваҷҷуҳи ҷиддӣ дорад.





