Пезешкиён ба Гросси гуфт, ки Теҳрон ҳеҷ гоҳ барои офаридани силоҳи ҳастаӣ талош накардааст

    Эрон ҳеҷ гоҳ барои офаридани силоҳи ҳастаӣ талош намекунад, зеро инро раҳбари олӣ, оятуллоҳ Алӣ Хоманаӣ манъ кардааст.

    Дар ин бора президенти Эрон Масъуд Пезешкиён, дар мулоқот бо директори генералии Оҷонси байналмилалии неруи атомӣ (МАГАТЭ) Рафаэл Гросси, изҳор дошт.

    "Бар асоси фатвои раҳбари олӣ, мо на талош кардем ва на хоҳем кард, ки ба ягон тарз силоҳи ҳастаӣ созем. Ҳеҷ кас ҳақ надорад аз ин сиёсат дур шавад," – суханони Пезешкиёнро овардааст хидмати матбуот.

    “Мо инчунин омодагии Эронро барои ҳамкорӣ ва наздикшавӣ бо МАГАТЭ барои ҳаллу фасли масъалаҳо ва бартараф кардани шубҳаҳо дар мавриди фаъолияти ҳастаии осоиштаи кишварамон” илова намуд Президенти Эрон.

    Ба гуфти ӯ, ИМА гунаҳкори шикастани созишномаҳои марбут ба барномаи ҳастаии Эрон мебошад. "Мо тибқи маърӯзаи МАГАТЭ ҳамаи ӯҳдадориҳои худро тибқи Барномаи муштараки амали ҳамаҷониба иҷро кардем, аммо маҳз ИМА [соли 2018] якҷониба аз ин созишнома хориҷ шуд ва идомаи онро ғайриимкон сохт," – гуфт Пезешкиён.

    1 ноябри соли равон, мушовири пешвои Эрон Камол Харрозӣ изҳор дошт, ки тағйири доктринаи ҳастаии Теҳрон дар ҳолати таҳдиди экзистенсиалӣ ба кишвар ҳамоно имконпазир аст. Ба гуфтаи ӯ, кишвар дорои имкониятҳои техникӣ барои истеҳсоли силоҳи ҳастаӣ мебошад ва қарори пешвои олӣ ягона монеа дар ин роҳ аст.

    Аз соли 2003 дар Эрон фатвои раҳбари рӯҳонӣ амал мекунад, ки истеҳсоли силоҳи ҳастаиро манъ кардааст, зеро он бо ислом мухолифат дорад. Сиёсатмадорони эронӣ онро ҳамчун далели хусусияти танҳо сулҳомези барномаи миллии ҳастаии худ пешниҳод мекунанд, хабар медиҳад tass.ru.