Дар мусобиқоти дурӯза писарону духтарони аз 8 то 17-солаи мактаби варзишии бачагонаву наврасон, мактаби махсуси варзиши бачагонаву наврасон, марказҳои таълимии намудҳои олимпӣ ва паралимпӣ, мактабҳои ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ ширкат варзиданд.
Аз рӯи ҷамъбасти мусобиқа аксари ҷоизаҳоро намояндагони вилоятҳои Хоразм, Тошканд ва Сурхондарё соҳиб шуданд. Бино ба иттилои ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби кишвар варзишгари вилояти Ҷиззах бори нахуст барандаи мусобиқаи қаҳрамонии кишвар гардид. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки каратэ дар ҳар минтақаи ҷумҳурӣ торафт бештар шуҳрат пайдо мекунад.
Ин стартҳо ба коршиносон имкон доданд, ки ҳайати захиравии дастаҳои наврасон ва ҷавононро баррасӣ намоянд, ҷавонони боистеъдод аз минтақаҳои гуногунро интихоб кунанд, хабар медиҳад хидмати матбуоти КМО.