Барои ин шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар хориҷи кишвар зиндагӣ мекунанд, бо пур кардани анкетаи онлайн тавассути Портали ягонаи интерактивии хидматҳои давлатӣ (my.gov.uz) ё портали хидматҳои электронии Вазорати таълими томактабӣ ва мактабӣ (maktab.uz) ариза медиҳанд.
Ариза ба таври худкор ба Гурўҳи корӣ оид ба қабули фарзандони шаҳрвандони хориҷӣ ба мактабҳои таҳсилоти умумии назди раёсати вилоят фиристода мешавад.
Гурӯҳи корӣ дар давоми 7 рӯзи корӣ аризаро баррасӣ намуда, роҳхат (бо QR-код) медиҳад ва онро тавассути портали электронӣ ба аризадиҳанда ба таври электронӣ мефиристад.
Аризадиҳанда ба воситаи портали my.gov.uz ёки my.maktab.uz, ки ба он дархост додааст, натиҷаро аз низом ба таври автоматӣ бор карда мегирад.
Хидматрасонии давлатӣ бепул пешниҳод карда мешавад.