Дар Ӯзбекистон ба омӯзгорони забони ӯзбекӣ 50% иловапулӣ пардохт мешавад

    Таълим 11 Fevral 2025 5952

    Аз 1 феврали соли 2025 омӯзгорони забони ӯзбекӣ, ки дар мактабҳои таҳсилоти умумии Ӯзбекистон фаъолият мекунанд ва дорои шаҳодатномаи миллии донишанд, ҳар моҳ иловапулии 50%-и маоши вазифавии худро мегиранд.

    Дар ин бора вазири таҳсилоти томактабӣ ва мактабии Ӯзбекистон Ҳилола Умарова дар канали Telegram хабар дод.

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон фармон «Дар бораи Барномаи давлатии татбиқи Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030» дар Соли ҳифзи муҳити зист ва иқтисоди сабз»-ро тасдиқ кард.

    Тибқи фармон, аз 1 феврали соли 2025 омӯзгорони забони ӯзбекӣ (забони давлатӣ), ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумии системаи Вазорати таҳсилоти томактабӣ ва мактабӣ фаъолият доранд, ба шарте ки шаҳодатномаи мувофиқ оид ба забон ва адабиёти ӯзбекӣ, ки аз ҷониби Оҷонсии баҳодиҳии дониш ва тахассус дода мешавад, дошта бошанд, иловапулии ҳармоҳаи 50 фоиза мегиранд.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates