Муносибатҳои дӯстонаи байни Ўзбекистон ва Арабистони Саудӣ ба зинаи нав мебарояд

    Варзиш 29 Noyabr 2023 906

    Ҳоло дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ “Бозиҳои дувуми Саудӣ” ҷараён дорад. 27 ноябр маросими кушодашавии мусобиқа барпо гардид. Дар чорабинӣ ба сифати меҳмонони фахрӣ ноиби президенти Шӯрои олимпии Осиё Отабек Умаров ва Котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Ӯзбекистон Ойбек Қосимов иштирок карданд.

    Отабек Муҳаммадалиевичро валиаҳди Арабистони Саудӣ Фаҳод бин Мансур ал-Сауд пешвоз гирифт. Сипас боз як намояндаи оилаи шоҳ, вазири варзиши кишвар, раиси кумитаҳои миллии олимпӣ ва паралимпии Арабистони Саудӣ, шоҳзода Абдулазиз бин Туркий Ал-Файсал ҳайати Ӯзбекистонро ба маросими ифтитоҳи Бозиҳои Саудӣ даъват кард.

    Зимни сафари ҳайати Ӯзбекистон бо шоҳзода Абдулазиз оид ба рушди ҳаракати олимпӣ дар минтақа ва ба сатҳи нав баровардани ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаи варзиш миёни кишварҳо мулоқот сурат гирифт. Дар рафти суҳбат як қатор масъалаҳои перспективанок муҳокима шуданд. Аз ҷумла, дар бораи таҳкими равобити дӯстонаи ду кишвар, баргузории ҷамъомадҳои омӯзишиву тамринӣ бо ширкати дастаҳои мунтахаби кишвар ҷиҳати омодагӣ ба мусобиқоти бузурги варзишӣ ва табодули дастовардҳои навтарин дар соҳаи варзиш изҳори назар карданд.

    Ҳамзамон дар Риёз Конгресси Созмони ҳамкории исломӣ ҷараён дорад. Дар ин чорабинӣ мақомоти расмӣ низ ширкат мекунанд ва бобати таҳкими равобити байналмилалӣ ба тавофуқ мерасанд.

    Аъзои кумитаи тадорукот ба меҳмонони расмӣ стратегияи «Vision-2030»-и рушди варзиш дар Арабистони Саудиро муаррифӣ карданд. Оид ба нақшаи омодагии кишвар ба мусобиқоти бузург, аз қабили Ҷоми ҷаҳонии футбол дар соли 2034 ва Бозиҳои тобистонаи осиёӣ муаррифии гуногун сурат гирифт. Масъулин масъалаи ҳамкорӣ бо Арабистони Саудӣ дар самти омодагӣ ба "Бозиҳои осиёии наврасони "Тошканд-2025"-ро баррасӣ карданд.