Иттиҳоди Аврупо ваксинаи панҷуми зидди коронавируси ширкати "Novavax"-ро  тасдиқ кард

    Тандурустӣ 21 Dekabr 2021 1835

    Агентии Аврупо оид ба доруворӣ (EMA) тавсия дод, ки ба ваксинаи зидди коронавируси "Nuvaxovid", ки аз ҷониби ширкати биотехнологии амрикоии "Novavax" истеҳсол шудааст, иҷозати маркетингии муваққатӣ дода шавад. Дар ин бора дар пресс-релизи танзимгари Аврупо гуфта мешавад.

    "Nuvaxovid" панҷумин ваксинаест, ки дар ИА барои мубориза бо коронавирус тавсия шудааст ”, таъкид намуданд дар агентӣ.

    Самаранокии дору тақрибан 90 фоиз, ҳадди аққал бар зидди штаммҳои "альфа" ва "бета" аст, ки дар замони таҳқиқот маъмултарин буданд, хабар медиҳад ТАСС.

    "Дар айни замон маълумот дар бораи самаранокии "Nuvaxovid" нисбат ба дигар вариантҳо, аз ҷумла штамми "омикрон" нокифоя аст", -- гуфтанд дар EMA.

    Ваксина барои одамони аз 18-сола боло пешбинӣ шудааст. Пас аз арзёбии дақиқ, коршиносон ба хулосае омаданд, ки маълумоти пешниҳодшуда кофӣ аст ва ваксина ба меъёрҳои ИА барои самаранокӣ, сифат ва бехатарӣ мувофиқат мекунад.

    Таъсири маъмултарини дору дард дар ҷои сӯзандору, хастагӣ, дарди мушакҳо ва буғумҳо, дарди сар ва дилбеҷоӣ мебошанд. Аломатҳо сабук ё миёна буда, пас аз чанд рӯзи ваксиназанӣ мегузаранд. Қадами ниҳоӣ барои кушодани имкони истифодаи ваксина дар ИА бояд тасдиқи Комиссияи Аврупо бошавад.

    Дар ҳоли ҳозир чаҳор ваксина барои истифода дар Иттиҳодияи Аврупо тасдиқ шудааст: "Spikevax" аз ширкати амрикоии "Moderna", "Comirnaty" аз ширкати амрикоии "Pfizer" ва шарики олмонии "BioNTech", "Vaxzevria" аз ширкати бритониёиву шведӣ "AstraZeneca" ва ваксина аз ширкати "Janssen", ки ба корпоратсияи амрикоии "Johnson & Johnson" тааллуқ дорад. Чанд ваксинаи дигар, аз ҷумла доруи русии «Спутник V» дар марҳилаи ташхиси пайваста қарор доранд.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates