Сарвари давлат нахуст ба тағйироте, ки тӯли солҳои охир дар иқтисодиёти минтақа ба амал омадааст, таваҷҷуҳ намуд.
Солҳои охир дар вилоят аз ҳисоби 8 миллиарду 200 миллион доллар сармоягузорӣ 8 ҳазор иқтидори муосир мавриди истифода қарор гирифт. Барои соҳибкорӣ 100 триллион сӯм маблағ равона гардида, майдонҳои тиҷоратӣ ба 10 миллион метри мураббаъ зиёд шуданд. 13,5 ҳазор корхонаи хурду миёна таъсис ёфта, шумораи онҳо қариб ду баробар афзуд.
Дар натиҷа маҳсулоти умумии минтақавӣ 1,7 баробар, саноат 1,5 баробар ва бахши хидматрасонӣ 3 баробар рушд кард. Муҳимтар аз ҳама, дар чор соли охир сатҳи бекорӣ аз 9,2 ба 4,6 фоиз ва сатҳи нодорӣ аз 11,6 ба 5,2 фоиз поин рафт.
Дар самти беҳтар намудани шароити манзилии аҳолӣ низ корҳои шоиста амалӣ мешаванд. Дар ҷойи 241 ҳавлии кӯҳнаи маҳаллаҳои Ипакчӣ ва Қирғулии Марғилон хонаҳои бисёрошёнаи дорои 2,5 ҳазор хонадон бунёд гардиданд. Ба мавзеи “Ӯзбекистони Нав”, ки дар маҳаллаи Наврӯз сохта мешавад, имсол боз 6,5 ҳазор оила кӯчонида мешаванд. Чунин корҳо дар ноҳияҳои Ёзёвон, Қува, инчунин шаҳрҳои Қӯқанд ва Фарғона низ идома доранд.
Дар даҳ соли охир дар вилоят мактабҳо барои 74 ҳазор, кӯдакистонҳо барои 145 ҳазор ва беморхонаҳо бо 3 ҳазор кат ба истифода супорида шуданд. 167 мактаби хусусӣ таъсис ёфта, дар онҳо зиёда аз 40 ҳазор донишомӯз таҳсил мегиранд. Дар натиҷаи беҳтар гардидани сифати таълим, Фарғона аз рӯи нишондиҳандаи дохилшавии ҷавонон ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар ҷумҳурӣ ба ҷойи сеюм баромад.
Дар бахши кишоварзӣ 15 ҳазор гектар боғу токзори саноатӣ ташкил гардида, боз 6 ҳазор гектари дигар навсозӣ шуд. Содироти меваю сабзавот 3 баробар афзуда, ба 400 миллион доллар расид. Дар ноҳияҳои Фарғона, Сӯх, Қува ва шаҳрҳои Марғилону Қӯқанд соҳаи сайёҳӣ босуръат рушд мекунад. Соли гузашта бори аввал шумораи сайёҳони хориҷӣ аз 500 ҳазор ва сайёҳони маҳаллӣ аз 3 миллион нафар гузашт, содироти хизматрасонии сайёҳӣ бошад ба 185 миллион доллар расид.
– Мардуми Фарғона аз мо натиҷаҳои боз ҳам бузургтар интизоранд, – гуфт Президент.
Аз ин рӯ, барои соли ҷорӣ вазифа гузошта шуд, ки дар вилоят иқтисодиёт 9,1 фоиз, саноат 9 фоиз рушд ёфта, 4,5 миллиард доллар сармояи хориҷӣ ҷалб гардад, инчунин ҳаҷми содирот ду баробар зиёд шуда, ба 2 миллиард доллар расонида шавад.
Дар ҷамъомад таъкид гардид, ки Фарғона бояд дар ҷорӣ намудани технологияҳои муосир, ҳалли рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар идораҳои давлатӣ, бахшҳои саноат, хидматрасонӣ ва кишоварзӣ намуна бошад.
Шумораи бештари ҷавононе, ки дар барномаи “Панҷ миллион пешвои зеҳни сунъӣ” соҳиби сертификат шудаанд, аз вилояти Фарғона мебошанд. Ба роҳбарони вилоят ва ноҳияҳо супориш шуд, ки бо ҷалби ҷавонони соҳибистеъдод хидматрасонӣ ва равандҳоро дар идораҳои давлатӣ рақамӣ гардонанд, инчунин барои аҳолӣ ва соҳибкорон шароити мусоид фароҳам оваранд.
Гуфта шуд, ки таҳлили афзалиятҳои маҳаллаҳо бо истифода аз зеҳни сунъӣ, инчунин, таҳияи лоиҳаҳое, ки ба афзунсозии ҷойҳои корӣ, арзиши иловагӣ ва даромади аҳолӣ мусоидат менамоянд, муҳим аст.
Масалан, ҳангоми бо ёрии зеҳни сунъӣ омӯхтани имкониятҳои ноҳияи Ёзёвон маълум гардидааст, ки дар иқтисодиёти ноҳия диққати асосиро бояд ба логистика равона кард. Аз қисми 35 километраи шоҳроҳи А-373, ки аз Ёзёвон мегузарад, ҳар рӯз 30 ҳазор воситаи нақлиёт ҳаракат мекунад. Аз ин рӯ, вазифа гузошта шуд, ки бо зиёд намудани марказҳои логистикӣ, анборҳои бузург ва иншооти хидматрасонӣ дар канори роҳи ноҳия гардиши иқтисодӣ боз 1 триллион сӯм зиёд карда шавад.
Солҳои охир дар Фарғона хизматрасониҳои технологияҳои иттилоотӣ чор баробар афзуда, содироти он аз 23 миллион доллар гузашт. Аз соли нави таҳсил, бар асоси таҷрибаи Қува, боз дар 16 ноҳия дар заминаи техникумҳо омодасозии мутахассисон аз рӯи барномасозӣ, робототехника, дизайни графикӣ ва забонҳои хориҷӣ роҳандозӣ мешавад. Дар шаҳри Фарғона боз намудани Донишгоҳи IT-Парк, дар Марғилон кушодани филиали донишгоҳи ИНҲА ва дар онҳо ҳар сол аз рӯи самтҳои зеҳни сунъӣ, амнияти киберӣ ва муҳандисии барномавӣ бозомӯзии ҳазор нафар донишҷӯ муайян гардид.
Ба масъалаи рушди тиҷорати электронӣ низ диққати махсус дода шуд. Гуфта шуд, ки саҳми Фарғона дар ин соҳа ҳанӯз поин аст. Дар вилоят таъсис додани анборе бо масоҳати на камтар аз 100 ҳазор метри мураббаъ ва дар соли ҷорӣ ба истифода супоридани 30 ҳазор метри мураббаъи он зарур арзёбӣ гардид. Инчунин вазифа гузошта шуд, ки соҳибкорони 126 маҳаллаи ба саноат ва ҳунармандӣ ихтисосонидашуда ба истифодаи платформаҳои тиҷорати электронӣ омӯзонида шаванд.
Ҳамчунин масъалаи истифодаи захираҳои мавҷуда дар кишоварзӣ муҳокима карда шуд. Дар вилоят 370 ҳазор гектар замини обёришаванда мавҷуд буда, аз он 55 ҳазор гектарро боғу токзор ташкил медиҳад. Илова бар ин, 5,5 ҳазор гектар боғу токзор кӯҳна шудааст ва аз 6 ҳазор гектар заминҳои саҳроӣ ва доманакӯҳӣ самарабахш истифода намешавад. Таъкид шуд, ки ин имкони истеҳсоли иловагии 300 ҳазор тонна меваю сабзавот ва ба иқтисодиёт ворид намудани 2 триллион сӯм арзиши иловагиро фароҳам меорад.
Таҷрибаи агромаҷмааи “Қува Агростар” махсус қайд карда шуд. Дар ин ҷо дар асоси кооператсия барои заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ сохтмони сехҳои хурд, бозомӯзии деҳқонон, таъмин бо ниҳолҳое, ки дар лабораторияи ин-витро парвариш гардидааст ва мусоидат ба содироти маҳсулоти тайёр роҳандозӣ шудааст. Супориш шуд, ки чунин равишҳо дар ҳамаи ноҳияҳо ҷорӣ гардида, 5,5 ҳазор гектар боғҳои кӯҳна пурра нав карда шаванд.
Дар вилоят оид ба ташкили боғҳои супер-интенсивӣ ба ҷойи 50 ҳазор гектар заминҳои камҳосили пахтаву ғалла ва боғҳои камсамар барномаи бузург таҳия мегардад. Соли равон истеҳсоли 611 ҳазор тонна мева, 252 ҳазор тонна ангур, 1,8 миллион тонна сабзавот ва 119 ҳазор тонна шолӣ таъмин гардида, 25 фоиз зиёд кардан ва ба 500 миллион доллар расонидани содироти меваю сабзавот муҳим арзёбӣ шуд.
Сарвари давлат ба масъалаҳои сармоягузорӣ низ таваққуф намуд. Истифодаи босамар аз 1 ҳазору 77 гектар замине, ки барои минтақаҳои саноатӣ ҷудо шудаанд ва дар ҳар як гектар соле ба маблағи на камтар аз 50 миллиард сӯм истеҳсол намудани маҳсулот чун меъёри асосӣ муайян гардид. Супориш шуд, ки дар минтақаҳои саноатӣ лоиҳаҳо ба маблағи 5 миллиард доллар оғоз шаванд.
Пешниҳодҳо аз рӯйи ташкили минтақаи озоди савдо дар маҳаллаи Андархони Бешариқ ва бунёди маҷмааи бузурги тиҷоратӣ ба маблағи 70 миллион доллар дар ҳудуди заводи механикии Қӯқанд дастгирӣ шуданд.
Мавҷудияти имкониятҳои бузург дар соҳаи сайёҳӣ низ таъкид гардид.
– Дар Фарғона, ки ёдгориҳои таърихӣ ва табиати нотакрор дорад, раванди ташрифи сайёҳони хориҷиро боз 2–3 баробар зиёд кардан мумкин аст, – гуфт Президент.
Барои ин зарурати ба сайёҳии зиёратӣ ихтисосонидани Қӯқанд ва Марғилон, ба сайёҳии тиббӣ ва экологӣ ихтисос додани ноҳияҳои Сӯх, Қува, Бешариқ ва Фарғона таъкид гардид. Гуфта шуд, ки дар атрофи обанбори “Каркидон”-и Қува барои таъмини амнияти истироҳаткунандагон маркази вазъиятҳои фавқулода таъсис ёфтааст. Ҳамчунин вазифа гузошта шуд, ки марҳила ба марҳила дигар обанборҳои кишвар низ ба масканҳои мусоид барои аҳолӣ ва сайёҳон табдил дода шаванд.
Ифтитоҳи Маҷмааи илмӣ-маърифатӣ ва сайёҳии “Бурҳониддин Марғиноний” дар Марғилон дар муаррифии арзишҳои миллӣ ва таърихи мо ба ҷаҳон ҳамчун қадами муҳим арзёбӣ гардид. Дар ноҳияи Фарғона лоиҳаҳое чун минтақаи байналмилалии истироҳатии “Шоҳимардон – Ёрдон”, кластери малина- агросайёҳии “Водил”, маҷмааи сайёҳии фароғатии “Аввал” ва минтақаи санаторию истироаҳтии “Чимён” амалӣ мешаванд. Зарурати то охири соли оянда татбиқ кардани 50 лоиҳаи сайёҳӣ ба маблағи 300 миллион доллар таъкид гардид.
Дар Қӯқанд 3 масири пиёдагардии сайёҳӣ, ки 64 иншооти мероси фарҳангиро фаро мегиранд, таҳия шудааст. Аз рӯйи ба биноҳои дигар кӯчонидани идораҳои давлатӣ, ки дар иншооти мероси фарҳангии шаҳр ҷойгир шудаанд ва ба масканҳои сайёҳӣ ва фарҳангӣ табдил додани объектҳои таърихӣ супориш дода шуд.
Таъкид гардид, ки дар ноҳияи Сӯх барои рушди сайёҳии экологӣ, аграрӣ ва тиббӣ иқтидори бузург мавҷуд аст. Аз рӯйи бунёди маҷмааи бузурги сайёҳӣ дар 130 гектар майдони канори дарёи Сӯх, ки аз маҳаллаҳои Сариканда, Истиқлол ва Ровон мегузарад ва бо ҷалби мутахассисони хориҷӣ таҳия намудани мастер-нақшаи рушди ноҳия супориш дода шуд. Дар маҷмӯъ эълон гардид, ки барои симои нав касб намудани ноҳия барномаи сесола қабул карда мешавад.
Дар ҷамъомад масъалаҳои омӯзиш ва тарғиби мероси ғании фарҳангии Фарғона низ баррасӣ шуданд.
Офаридани антология ва платформаи электронии муҳити адабии Қӯқанд, таъсиси Мактаби адабиёт ва эҷод пешниҳод карда шуд. Дар 100 маҳаллаи вилоят бо мақсади оммавӣ гардондани китобхонӣ дар байни ҷавонон, китобхонаҳои намунавии маҳалла ташкил гардида, ба соҳибкороне, ки бук-кафе мекушоянд, аз рӯи андоз ва пардохти иҷора имтиёзҳо дода мешавад. Ташаббуси дар ҳар ду сол дар Маҷмааи илмӣ-маърифатӣ ва сайёҳии “Бурҳониддин Марғиноний” гузаронидани Фестивали байналмилалии китобхонӣ ва ба он даъват кардани нависанда ва шоирони машҳури ҷаҳон пешбарӣ гардид.
Ба масъалаи ҳифз ва рушди санъати аския, ки ҷузъи ҷудонопазири фарҳанги Фарғона аст, низ диққати махсус дода шуд. Таъкид гардид, ки дар Марғилон Маркази санъати аския ва ширинкории ҷумҳурӣ ба номи Юсуфҷон қизиқ Шакаржонов таъсис ёфтааст ва супориш шуд, ки истеъдодҳои ҷавонро дастгирӣ намуда, дар марказҳои фарҳангии ноҳияҳо ва мактабҳои мусиқию санъат самтҳои маҳорати аския ва ширинкорӣ кушода шаванд.
Дар идомаи ҷамъомад ҳисоботи роҳбарони вилоят ва ноҳияҳо, инчунин андешаҳои соҳибкорон ва намояндагони ҷамъиятӣ шунида шуданд.