Барномаи осиёимарказии MediaCAMP, ки аз ҷониби USAID маблағгузорӣ мешавад, Эдютони сеюми ҳарсоларо оид ба саводнокии ВАО баргузор менамояд

    Таълим 8 Fevral 2022 958

    8-12 феврали соли 2022 Барномаи MediaCAMP-и Осиёи Марказӣ, ки аз ҷониби USAID маблағгузорӣ мешавад, семинари сеюми инноватсионӣ оид ба ВАО ва саводнокии иттилоотӣ, MediaCAMP ЭДЮТОН 2022-ро (link is external) баргузор менамояд.

    Чорабинии онлайнӣ устодони донишгоҳҳо, муаллимони мактабҳо, медиатренерҳо ва коршиносони расонаҳо ва саводнокии рақамиро аз Осиёи Марказӣ ва берун аз он муттаҳид мекунад, то саводнокии ВАО дар минтақаро пеш барад. Дар давоми панҷ рӯз 30 иштирокчӣ аз Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон малакаҳои нав пайдо мекунанд ва бо дастгирии мураббиён лоиҳаҳои худро оид ба саводнокии ВАО таҳия менамоянд.

    Дар суханронии ифтитоҳии худ директори намояндагии минтақавии Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) Лоренс Ҳардӣ гуфт, "ҷомеаи шаҳрвандии огоҳ, ки метавонад ҳақиқатро аз дурӯғ фарқ кунад, яке аз муҳимтарин василаҳои мубориза бо паҳншавии иттилооти бардурӯғ аст". -- Вай афзуд: "Тавассути ташаббусҳои саводнокии ВАО ба монанди ин, мо ба рушди тафаккури интиқодӣ мусоидат мекунем, то шумо, мураббиён ва омӯзгорон, дар навбати худ, ба донишҷӯёни худ таъсири мусбӣ расонида, онҳоро истеъмолкунандагони ВАО гардонед."

    Имсол Эдютон ба шаклҳои эҷодии пешбурди саводнокии ВАО бо таваҷҷуҳ ба пешбурди саводнокии ВАО тавассути санъат тамаркуз мекунад. Коршиносон таблиғ, саводнокии филм, бозиҳо ва визуализатсияро барои таълими саводнокии медиа ва эҷоди мундариҷаи ҷолиб баррасӣ мекунанд. Барои ҳамаи онҳое, ки ба саводнокии ВАО таваҷҷӯҳ доранд, MediaCAMP ҷаласаҳои кушодро (link is external) баргузор мекунад, ки дар саҳифаи Фейсбуки Internews дар Қазоқистон (link is external) рӯзҳои 8 ва 9 феврал пахш мешавад. Дар ҷаласаҳо забони реклама ва саводнокии филм баррасӣ мешаванд.

    “Мо умедворем, ки Эдютон ба коршиносони саводнокии ВАО дар пайдо намудани ҷавоб ба дархости афзоянда ба мундариҷаи ҷолиб, саривақтӣ ва беғаразона кӯмак хоҳад кард. Мо мехоҳем бубинем, ки чӣ гуна лоиҳаҳои инноватсионӣ ва эҷодӣ дар Эдютон ҳарчи зудтар пайдо мешаванд», -- гуфт роҳбари намояндагии Internews дар Осиёи Марказӣ Марат Бигалиев.

    Барномаи MediaCAMP-и Осиёи Марказӣ ба лоиҳаҳои ояндадортарине, ки дар Эдютон барои татбиқи минбаъда дар соли 2022 таҳия шудаанд, дастгирии молиявӣ мерасонад.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates