Гармшавии глобалӣ метавонад вулқонҳои "хобидаро" бедор кунад

    Гармшавии глобалӣ метавонад боиси фурӯзиши вулқонҳо гардад. Об шудани пиряхҳо фишорро ба камераҳои магмавии зеризаминӣ коҳиш медиҳад, ки ин метавонад фаъолшавии фаъолияти вулқониро ба бор орад.

    Ба чунин хулоса олимоне омаданд, ки натиҷаи тадқиқотҳои худро дар конфронси Goldschmidt 2025 дар шаҳри Прага муаррифӣ карданд. Дар ин бора нашрияи The Guardian хабар медиҳад.

    Онҳо вулқони Мочо-Чошуенкоро дар Чили мисол оварданд. Дар давраи охирини пиряхӣ (тақрибан 26 то 18 ҳазор сол пеш) қабати 1500-метрии ях ҷамъшавии магмаро дар чуқурии 10–15 км бозмедошт. Аммо тақрибан 13 ҳазор сол пеш пирях об шуд – фишор кам гардид, газҳо дар кӯҳсанг васеъ шуданд ва ин боиси фурӯзиш гардид.

    Олимон ҳамчунин муайян карданд, ки баъд аз об шудани ях, магма шӯртар мегардад ва мутаносибан тарканда ва хатарноктар мешавад.

    Ба гуфтаи муҳаққиқон, минтақаи Антарктидаи Ғарбӣ мавриди таваҷҷуҳи махсус мебошад, ки зери пиряхҳои он зиёда аз 100 вулқони эҳтимолан фаъол пинҳон шудаанд. Дар минтақаи хатар ҳамчунин Амрикои Шимолӣ ва Зеландияи Нав қарор доранд.

    Гарчанде ки фурӯзиши вулқон метавонад муваққатан Заминро хунук кунад (ба сабаби хориҷшавии зарраҳо, ки нури офтобро манъ мекунанд), аммо фурӯзишҳои тӯлонӣ баръакс гармшавии глобалиро суръат мебахшанд – бинобар хориҷшавии газҳои гулхонаӣ. Ин хатари як давраи хатарноки худгардонро ба вуҷуд меорад: гармӣ – об шудани ях – фурӯзиш – боз ҳам гармшавии бештар, менависад korrespondent.net.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates