Бино ба иттилои нашрия, моҳӣ бо дарозии 3–4 метр дар наздикии Ҷазираҳои Шетланди Ҷанубӣ, дар умқи тақрибан 490 метр ва ҳарорати оби ҳамагӣ +1,27 дараҷа сабт шудааст.
«Мо ба он ҷо бе интизори дидани наҳанг рафтем, зеро ақидаи умумӣ чунин аст, ки дар Антарктида наҳанг вуҷуд надорад. Ва ин ҳатто наҳанги хурд нест. Ин як туҳфаи воқеист. Онҳо мисли танканд», – аз қавли муҳаққиқ Алан Жеймисон иқтибос меорад нашрия.
Ба гуфтаи олимон, пайдоиши ин дарранда метавонад ба тағйирёбии иқлим ва гармшавии уқёнусҳо вобаста бошад, ки наҳангро водор месозад ба обҳои нисбатан хунуктари нимкураи ҷанубӣ кӯчанд, хабар медиҳад ria.ru.