Тавре ки хадамоти матбуоти Агентии миллии ҳифзи иҷтимоӣ хабар медиҳад, барои баргардонидани маблағи ААИ ба истеъмолкунандае, ки ба «Феҳристи ягонаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ» шомил шудааст, лозим аст, ки барномаи мобилии «Soliq»-ро боргирӣ намуда, бо истифода аз Face ID сабти ном шавад ва QR-коди расиди харидро дар барнома скан кунад. Шумо метавонед «Кешбэки иҷтимоӣ»-и худро дар бахши «Кешбэк ва имтиёзҳо» пайгирӣ кунед.
Ҳангоми ҳисоб кардани баргардони ААИ шартҳои зерин ба назар гирифта мешаванд:
- Молҳои харидоришуда ба рӯйхати молҳое дохил мешаванд, ки ба баргардони ААИ таалуқ доранд;
- Харидор ба «Феҳристи ягонаи ҳифзи иҷтимоӣ» шомил аст;
- Соҳибкор ҳамчун пардохткунандаи ААИ ба қайд гирифта шудааст.
Рӯйхати молҳое, ки барои онҳо ААИ баргардонида мешавад:
- Гӯштии гӯсфанд
- Гӯшти мурғ
- Гӯшти гов
- Тухм
- Равғани растанӣ
- Орд
- Шакар
- Доруворӣ
- Хизматрасониҳои тиббӣ
Маблағи ААИ пас аз рӯзи 25-уми моҳи оянда тавассути барномаи мобилии «Soliq» баргардонида мешавад.