Дар доираи ин ташаббус, ки аз ҷониби Агентии миллии ҳифзи иҷтимоии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон амалӣ мегардад, ба шаҳрвандони ниёзманде, ки нерӯи барқ ё гази табииро аз меъёри асосӣ зиёд истифода бурдаанд, дар маҷмӯъ 3,2 миллиард сӯм пардохта шуд.
Аз ин маблағ:
– барои нерӯи барқ — 2 млрд 293 млн сӯм;
– барои гази табиӣ — 885 млн сӯм ҷудо шудааст.
Ин пардохтҳои ҷубронӣ бар асоси дархостҳое анҷом дода шуданд, ки то 15 июни соли 2025 қабул гардида буданд.
Ёдрас менамоем, ки дар доираи барномаи ҷубронпулӣ давлат ба хонаводаҳои ниёзманде, ки аз меъёри асосии истеъмол зиёд истифода мекунанд, кӯмаки молиявӣ мерасонад. Ҳадафи барнома — дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ ва сабук гардонидани шароити зиндагии онҳо мебошад.








