Дар Маркази конгресси шаҳри Самарқанд номгӯйи васеи маҳсулоти босифати ба бозорҳои хориҷӣ нигаронидашуда, ки ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқат доранд, ба намоиш гузошта шуд.
Ба таваҷҷуҳи меҳмони олиқадр оид ба марҳилаҳои технологӣ, иқтидорҳои истеҳсолӣ, навовариҳо ва таҷҳизоти нави дар соҳаҳои маъдани кӯҳӣ, фармасевтӣ, кимиё, нассоҷӣ, заргарӣ, кишоварзӣ ва бахши IT истифодашаванда маълумоти муфассал пешниҳод гардид.
Экспозитсия намунаҳои молҳои тайёри саноатиро бо арзиши иловагии баланд: дорувориҳо, таҷҳизоти тиббӣ, нуриҳои минералӣ, маҳсулоти нассоҷӣ, трикотажӣ ва заргарӣ, маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, ҳалли IT ва дигарро дар бар гирифт.
Роҳбари Урдун ба маҳсулот ва иқтидори саноатии Ӯзбекистон баҳои баланд дод. Сарони давлатҳо аҳамияти густариши ҳамкории корхонаҳои пешсаф, мубодилаи таҷриба ва интиқоли технологияҳоро таъкид карданд.