Хушхабар аз чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини варзишӣ, ки дар шаҳри Загреби Хорватия ҷараён дорад. Узви дастаи мунтахаби Ӯзбекистон Айтҷон Халмахонов оид ба гӯштини юнонӣ-румӣ бо дарёфти медали тилло чемпион гардид.

Ҳамватанамон дар вазни -63 кг дар сабқати ниҳоӣ варзишгари Кореяи Ҷанубӣ Чунг Ҳан-Ҷаеро мағлуб карда, пирӯз шуд.

Дар 24 соли охир ин аввалин медали тиллоии варзишгарони ӯзбек дар чемпионати ҷаҳонӣ оид ба гӯштини юнонӣ-румӣ ба ҳисоб меравад. Офарин, Айтҷон!

Ба ин тартиб, дастаи мунтахаби Ӯзбекистон дар ин мусобиқа як медали тилло, як нуқра ва се медали биринҷиро ба даст овард.

Медали тилло:

63 кг: Айтҷон Халмахонов (гӯштини юнонӣ-румӣ)

Медали нуқра:

60 кг: Алишер Ғаниев (гӯштини юнонӣ-румӣ)

Медалҳои биринҷӣ:

57 кг: Ғуломҷон Абдуллоев (гӯштини озод)

65 кг: Умедҷон Ҷалолов (гӯштини озод)

72 кг: Абдулло Алиев (гӯштини юнонӣ-румӣ)

Кумитаи миллии олимпии Ӯзбекистон варзишгарон, мураббиён ва мухлисони сершумори варзишро бо ин дастовард табрик гуфтааст.