Дар даври 13-ум шоҳмотбози 20-сола бо рақиби асосии худ — гроссмейстери нидерландӣ Аниш Гири мусовӣ бозӣ карда, бо 9,5 хол барои рақибон дастнорас шуд.
Ин муваффақияти таърихӣ Ҷавоҳир Синдаровро ба довталаби расмӣ барои «тоҷи ҷаҳонии шоҳмот» табдил дод. Акнун ӯ ҳуқуқ гирифт, ки барои унвони қаҳрамони ҷаҳон дар соли 2026 бо қаҳрамони амалкунанда — гроссмейстери ҳиндӣ Гукеш Доммарадҷу рақобат кунад.
Агар Ҷавоҳир Синдаров дар ин бозии ҳалкунанда пирӯз шавад, ӯ метавонад 19-умин қаҳрамони ҷаҳон оид ба шоҳмот гардад.
Ҷавоҳир Синдаровро бо ин пирӯзии таърихӣ табрик мегӯем ва ба ӯ дар мубориза барои "тоҷи ҷаҳон" пирӯзии дурахшон таманно дорем!