“Elegancia Healthcare” бахше аз ширкати “Power International Holding”-и Қатар буда, бузургтарин ширкати тандурустии кишвар аст. Дорои 4 беморхонаи калони бисёрзанҷирӣ бо иқтидори умумии 840 кат ва ҳайати тиббии 250 табибони баландихтисос ва зиёда аз 400 ҳамшираи шафқат - "The View Hospital", "Military Medical City", "Hopital Algero Qatari Alleman" (Қатар) ва «Korean Medical Centre» (Ҷумҳурии Корея) мебошад, хабар медихад АИ Дунё.

Десмонд Доннелли бо маълумот дар бораи ислоҳот дар соҳаи тандурустии Ӯзбекистон, аз ҷумла, дар самти ҳифзи саломатии аҳолӣ, фароҳам овардани шароити зарурӣ барои баланд бардоштани иқтидори кормандони соҳаи тиб, баланд бардоштани фарогирӣ ва сифати хизматрасонии тиббӣ шинос шуд.

Дар доираи гуфтушунидҳо ҷониби Қатар эълон кард, ки то охири моҳи январ ҳуҷҷатгузории ибтидоиро ба анҷом мерасонад ва моҳи марти соли ҷорӣ ба таҳияи заминаи техникӣ-иқтисодӣ барои бунёди як беморхонаи муосири бисёршабакавӣ бо 300 кат дар шаҳри Тошканд дар асоси шарикии давлатию хусусӣ шурӯъ мекунад.

Ба мақсади татбиқи лоиҳаи мазкур имрӯз  эълон шудааст, ки 4 шаҳрванди Ӯзбекистон ба  “Elegancia Healthcare” ба кор қабул карда шавад.

Дар баробари ин, дар бораи бо кор таъмин намудани духтурони соҳибихтисоси донандаи забони англисӣ ва ҳамшираҳо аз Ӯзбекистон дар беморхонам “The View Hospital”, “Military Medical City” ва “Hospital Alghero Qatari Alleman” мувофиқа ҳосил шуд.