Кимонои чемпиони олимпӣ Диёра Келдиёрова дар осорхонаи КМО ба намоиш гузошта мешавад

    Варзиш 2 Avgust 2024 802

    Қаҳрамони Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024, дзюдочӣ Диёра Келдиёрова кимоноашро, ки дар он ширкат мекард, ба осорхонаи Кумитаи байналмилалии олимпӣ ҳадя кард. Бахшида ба ин вокеа дар маркази матбуоти мусобиқа конференсия барпо гардид.

    Дар он вазири варзиши Ҷумҳурии Ўзбекистон Адҳам Икромов, Саркотиби КМО Ойбек Қосимов, инчунин, шахсони расмии Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Федератсияи байналмилалии дзюдо иштирок карданд.

    Келдиёрова аввалин варзишгари Ӯзбекистон аст, ки дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ медали тилло ба даст овардааст. Масъулин қайд карданд, ки ба шарофати таваҷҷуҳи давлату Сарвари давлат ба соҳаи варзиш духтарони мо дар арсаи байналмилалӣ ба чунин дастовардҳои баланд ноил мегарданд, ки ин аз рушди варзиши занона дар Ӯзбекистон шаҳодат медиҳад.

    Дар навбати худ Диёра Келдиёрова изҳор дошт, ки аз ғалабаи таърихии худ хеле шод аст ва дар Осорхонаи КМО нигоҳ доштани кимонои ӯ боиси ифтихор аст.

    Дар анҷоми чорабинӣ созмондиҳандагон барои дзюдочӣ тӯҳфаи нодир омода карданд. Кумири Келдиёрова дар ҷаҳони дзюдо, қаҳрамони дукаратаи олимпӣ, зодаи Фаронса Кларис Агбенену ҳамватанамонро бо пирӯзии таърихӣ табрик намуда, ба ӯ орзуҳои гарму самимӣ баён кард.


    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates