Ин ширкати ҳавопаймоӣ имкони афзоиши басомади хатсайрҳои мавҷударо то ҳафт маротиба дар як ҳафта баррасӣ мекунад.
Дар айни ҳол China Southern Airlines аз Тошканд ба Пекин (4 маротиба дар як ҳафта) ва аз Тошканд ба Ӯрумчӣ (5 маротиба дар як ҳафта) парвозҳо анҷом медиҳад. Ҳамзамон, аз ҷониби Uzbekistan Airports пешниҳод шуд, ки хатсайрҳои нав аз фурудгоҳҳои водии Фарғона – Андиҷон, Намангон ва Фарғона ба шаҳрҳои Чин роҳандозӣ карда шаванд.
Барои маълумот: China Southern Airlines ширкати ҳавопаймоии чинӣ буда, дар шаҳри Гуанчжоуи вилояти Гуандун қарор дорад ва парвозҳои маҳаллӣ, минтақавӣ ва байналмилалиро анҷом медиҳад.