Ба иттилои CGTN, Чин аввалин турбинаи бодии баҳрии ҷаҳонро бо иқтидори 20 МВт насб намуд. Ин лоиҳа аз ҷониби ширкати “China Three Gorges Co” амалӣ гардид.
Ин турбинаи азим дар обҳои соҳилии вилояти Фуҷян дар ҷанубу шарқи Чин, дар масофаи зиёда аз 30 километр аз соҳил ҷойгир карда шудааст. Лоиҳа мушкилоти ҷиддии муҳандисиро дар бар гирифт: мутахассисон маҷбур шуданд дар чуқурии бузург, дар шароити душвори обу ҳаво, аз ҷумла дар мавсими муссон ва дар баландии фавқулода кор кунанд.
Барои насб аз киштии насли нав истифода бурда шуд, ки метавонад борҳои то 2000 тоннаро бардорад. Бо истифода аз системаҳои дақиқи ҷойгиркунӣ, гурӯҳ се парраки ҳар кадомаш тақрибан 150 метрро то баландии 174 метр боло бурда, онҳоро ба ротори марказӣ бо дақиқии мушаххас мустаҳкам кард. Масофа аз сатҳи об то нӯги парракҳо 321 метрро ташкил медиҳад, ки қариб ба баландии минораи Эйфел (324 метр) баробар аст.
Пас аз пайваст шудан ба шабака, ин турбина метавонад соле зиёда аз 80 миллион кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол намояд, ки ин барои таъмини тақрибан 44 ҳазор хонадон бо нерӯи барқ кофӣ аст. Аз ҷиҳати ҳифзи муҳити зист, як дона чунин дастгоҳ метавонад солона тақрибан 24 ҳазор тонна ангиштро иваз кунад ва партоби диоксиди карбонро то 64 ҳазор тонна кам намояд, хабар медиҳад korrespondent.net.